Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » САРДОРИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ: "ХАРИДИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ МАҶБУРӢ НЕСТ"


САРДОРИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ: "ХАРИДИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ МАҶБУРӢ НЕСТ"


Ҳарчанд 28 муассисаи нави таълимӣ дар шаҳру навоҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, аммо ин ҳамагӣ 15 фоизи иҷроиши Барномаи рушди муассисаҳои таълимии вилояти Хатлонро ташкил медиҳадҲол он ки дар асоси барномаи мазкур бояд 231 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода додоа мешуданд, - гуфт сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашуралӣ Олимӣ дар нишасти хабарӣ. Инчунин, мавсуф илова кард, ки ҳамасола дар вилоят аз 20 то 27 ҳазор нафар хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ зиёд мешавандки яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани норасоии ҷойҳои нишаст мебошад. илова бар ин, дар вилояти Хатлон 314 муассисаи садамавӣ мавҷуд мебошадки 44 адади он алакай бартараф карда шудаанд.




    Тибқи иттилои манбаъ, аз тарафи давлатҳои хориҷ дар ҳудуди вилоят 28 муассисаи таълимӣ давоми панҷ сол ба истифода дода шуд, ки аз ҷумлаи онҳо давлатҳои Чин, Олмон, Арабистони СаудӣЯпония мебошандҚайд гардид, ки харидории либоси ягонаи мактабӣ иҷборӣ набудатанҳо бо хоҳиш ва мусоидати кумитаи падару модарон ба роҳ монда мешавад.

 Дар рафти нишасти матбуотӣ оид ба шикояти омӯзгорон дар бораи гирифта натавонистани сафархарҷӣ ҳангоми гузаштан аз курси такмили ихтисосба талабот ҷавобгӯ набудани либоси худи омӯзгоронтамаъҷӯй дар мактабҳо, сохтмони муассисаҳои нотамом дар ноҳияҳои Вахш, КӯшониёнЛевакантҳолати ногувори кӯдакистонҳо суолҳо азтарафи намояндагони расонаҳои хабарӣ пешниҳод гардид

 Гуфта шуд, ки дар вилояти Хатлон 70 муассисаи томактабии қисман садамавӣ мавҷуд мебошадки 15 адади онҳо шахсӣ ҳастанд. Дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ муассисаи томактабии амал мекунадки ба талабот ҷавобгӯ набудаҳатто ошхона надорад, вале ин муассиса мувақатӣ кӯшода шудааст. Дар ҳолати ҷойи мувофиқ пайдо гардидан ҷойяш иваз карда мешавад. Дар ноҳияи А.Ҷомӣ кӯдакон ҳамагӣ 3 фоиз ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаандки ин нокифоя ва дар сатҳи паст мебошадАз ҳама баландтарин фарогирӣ дар шаҳри Бохтар мебошадки 22 фоизро ташкил медиҳад.

 А. Олимӣ афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон 23 ҳолати даст ба худкушӣ задани ноболиғон ба қайд гирифта шудаастки нисбати соли гузашта 5 ҳолат зиёд мебошадчунин ҳолатбештар дар шаҳру ноҳияҳои БохтарКӯшониёнЁвонТемурмалик нигаронкунанда мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 62 душвортарбия мебошад, ки бо онҳо дар ҳамкорӣ бо корҳои дохила ва бахши ҳуқуқи кӯдак кор бурда истодаем, - изҳор дошт мавсуф.




         Тибқи таҳлилҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 51 ҳолати ба ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки 33 нафарашон хонандагони мактабҳо мебошанд. Ин масъала зиёдтар дар шаҳру ноҳияҳои ВахшКӯшониён, Кӯлоб ва Абдураҳмони Ҷомӣ нигаронкунанда боқи мемонад

         Ғайр аз ин, суолҳо дар хусуси ба истироҳатгоҳҳо фарогирии омӯзгорон ва ба лагерҳои фароғатӣ – меҳнатӣ ҷалб кардани наврасон, имтиёз барои омӯзгорони ҷавон пешниҳод кардаҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.


С.АЗИЗЗОДА             

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода