Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Носири Хусрав босубот рушд мекунад


Носири Хусрав босубот рушд мекунад



Ноҳияи Носири Хусрав меваи шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 26-феврали соли 1996 таъсис ёфтааст. Ноҳияи Носири Хусрав дар қисмати ғарб бо Ҷумҳурии Узбекистон, дар қисмати шимолу шарқ бо ноҳияи Шаҳритус, дар қисмати ҷануб бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад.

Дар ноҳияи Носири Хусрав тоҷикону узбекҳо, қирғизу туркманҳо, русҳо ва дигар қавмияту халқҳо дӯстона ва аҳлона умр ба сар мебаранд ва якҷоя баҳри шукуфоии ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон заҳмат мекашанд. Ва маҳз дӯстӣ, бародарӣ ва баробарии беҳтарин ва муҳимтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия мебошанд.

Носири Хусрав ноҳияи аграрӣ мебошад. Ба гардиши кишоварзӣ даровардани садҳо гектар заминҳои бекорхобида, васеъ гардидани масоҳати майдони кишти зироатҳо, сабзавоту меваҷот, дар як сол рӯёндани се-чор ҳосил аз заминҳои дар ихтиёрдошта, афзудани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ аз деҳқонон дониши амиқ, таҷрибаи бойи заминшиносӣ, муносибати хуб бо заминро талаб менамояд. Саҳми агрономҳои мумтози ноҳия Имомназар Шерназаров, Ҳамза Бобоев, Икром Холматов, бригадирони номӣ Ҳошимҷон Болтаев, мутахассисони беҳтарини соҳа Анвар Холматов, Абдуназар Тағоев, Юсуф Бобоқулов, Раҳимқул Нормуродов, Юлдошбой Тағоймуродов, Эшназаров Дурсоат, Мусулмонқулов Саидмурод ва Сухиев Элмурод дар ин росто хеле бузург мебошад.

Хизматҳои шоёни кишоварзони ноҳия аст, ки бозорҳои истеъмолии вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар чор фасли сол бо меваҳои тару тозаи шаҳдбор ва сабзавот таъмин мегарданд.

Алъон дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору пайкори созандагӣ бомаром идома ёфта истодааст.

Шаҳрвандони ноҳия бо ҳисси баланди худшиносӣ, даркимасъулияти шаҳрвандӣ, бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ баҳри ба олами афсонавӣ табдил додани ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистони маҳбубамон камари ҳиммат бастаанд.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳия 162 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ ва дастоварди беназир ин ифтитоҳи муассисаи таълимии №26 дар маркази ноҳия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки он аз чор бино ва 32 синфхона бо тамоми шароити замонавӣ ва таҷҳизоти таълимии муҷаҳҳаз буда, барои 1680 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки аз замони таъсиси ноҳияи дар он ҳамагӣ 10 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард. Феълан дар ноҳия 32 муассисаи таълимӣ ба рӯйи фарзандони мардум дари худро боз намудааст. Дар замони таъсисёбии ноҳия 7 муассисаи соҳаи тандурустӣ мавҷуд буд, ки ҳоло шумораи он ба 33 адад расидааст.

Ин ҳама музаффариятҳо, чӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ва чӣ дар соҳаи иқтисодӣ бо саъю кӯшиши ҳар як шаҳрванди ноҳия, ҷавонони созандаву бунёдкор, занону бонувони пешқадам ва фаъолони ноҳия ба даст омад, ки мардуми сарбаланди ин диёри куҳанбунёд тавонист дар муддати кӯтоҳ ба симои ноҳия дар тамоми ҷабҳаҳо ҳусни тоза зам намоянд ва бо заҳмату кордонии хеш дар рушди рӯзафзуни ноҳия нақши муассир гузоранд.

Заҳмати поквиҷдонона, меҳнати софдилона ва ташаббуси созандаи мардуми ин сарзамини бостонӣ буд, ки ҷашнҳои бузурги миллӣ - 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтем.

Мо итминони комил дорем, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи ноҳия бо дарки масъулияти баланд дар масири ободонӣ ва созандагӣ баҳри ояндаи дурахшон муваффақ хоҳанд шуд ва рисолати пурифтихори ватандориро ба ҷо хоҳанд овард

Маҳмадаюб Шарифзода ,
раиси ноҳияи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода