Дар як сатр
» » Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

18-12-2015, 10:46

Фарзанди фарзонаи миллат
Мо – ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 декабри соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дод ва дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пазируфта шуд, рӯҳбаланд гашта, ин лоиҳаро санади муҳиму таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз маҳсуб медонем. Зеро Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хидматҳои мондагор кардааст.

Воқеан, ваҳдати миллие, ки дар сарзамини маҳбубамон – Тоҷикистон пайрезӣ ва устувор шуда истодааст, дар ибтидо тавонист баҳри таъмини густурда ва устувори иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии ин сарзамин мусоидат намояд. Ваҳдати миллии Тоҷикистон нахуст дар хомӯш кардани оташи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши боризе гузошт, ки тамоми ҷомеа мунтазираш буданд.

Бояд иқрор шуд, ки сабақи ба ваҳдат гаравидани мардуми тоҷик дар замони ҷанги ҳамватанӣ суханони пурихлос ва содиқонаи собиқ Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ҳоло Президенти кишвар дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон боис гардид. Ибораи «Ваҳдати миллӣ» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони мардум ва тамоми халқи Тоҷикистон ин мафҳумро дар дилу дида ва мағзу устухони худ ҷой доданд. Бешубҳа, ин сухани муқаддас тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди Ватану ватандорӣ ҳидоят карда, фаҳму тафаккури миллионҳо ҳамватанонро ба мафҳуми ватанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ пайванд кард.

Ҷойи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷомеаи инсонӣ, бахусус сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлуҳои гуногуни онро меомӯзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд. Ногуфта намонад, ки раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу оштӣ нуфузу манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бурд ва ҷойгоҳи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳод ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаи зиёди ҳаётан муҳимми минтақавиву байналмилалӣ рафъат бахшид.

Сабаби асосии дар як муддати начандон тӯлонӣ ба сулҳу салоҳ омадани миллати тоҷик, пеш аз ҳама, бархӯрдории ин миллат аз фарҳанги сулҳ аст, ки бунёду асоси онро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Ваҳдати миллӣ мафҳуми хушку холӣ ва тасаввуроти хаёлӣ набуда, балки мазмуни жарфи иҷтимоиву таърихӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки тафаккуру андешаи миллати фарҳангофари тоҷик аз даврони оғози пайдоишаш бар мабнои сулҳу субот, ватандӯстиву ватанпарастӣ, башардӯстӣ, дӯстиву рафоқат, панду андарз, сидқу вафо, ваҳдату ягонагӣ ва амсоли инҳо бунёд ёфтааст.

Сулҳу салоҳ дар табиату хислат, хулқу атвор, сиришту ниҳод, дар хуну пӯст ва дину имони миллати тоҷик аз дер боз мақоми марказиро дорост. Пӯшидаву пинҳон нест, ки тамоми динҳои ҷаҳон, бахусус дини мубини ислом, ҳама гуна ҷангу низоъро маҳкум ва сулҳу оштиро тарғибу талқин мекунад, чунки сулҳ дар фарҳанги мо – тоҷикон беҳтарину муҳимтарин василаи расидан ба саодати кавнайн аст.

Хушбахтона, мо бо ифтихору сари баланд гуфта метавонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз мавҷуд будани баъзе монеаҳову душвориҳо, гаронтарину пурдаҳшаттарин масъалаҳои ҷомеаи тоҷикон-низои миллӣ ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид, гурезаҳоро аз ғарибӣ ба ватан баргардонид, баҳри барқарор намудани давлати миллӣ, сохторҳои қудратии он, низоми давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ба ҳам овардани миллат, созишномаи истиқрори сулҳ ва дар ҳамин замина таъмин намудани ваҳдату ягонагии миллӣ ва амсоли инҳо саъйи балеғе ба тақдим расонид ва расонида истодааст. Ин рафтор аз он шаҳодат медиҳад, ки андешаи миллии тоҷикон аз оғози таърихи пайдоишаш саршор аз ақидаҳои сулҳу субот, башардӯстӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, якдиливу якдигарфаҳмӣ будааст. Ин фазоили атоӣ, бидуни шакку тардид, миллати моро ба ҳадафҳои волои моддӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳидоят намуда, то ба сӯйи ваҳдати комилу пайкори дастҷамъӣ мерасонад. Айни замон вазифаи умумимиллии ҷомеа, миллати тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз он аст, ки ҳама гуна хусумат, кинаву адоват ва манфиатҳои инфиродиро ба як сӯ гузошта, дар атрофи роҳбари сиёсӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату ягонагии устувору побарҷоро фароҳам оварда, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро таҳким бахшида, нерӯҳои солиму ватанпарварро баҳри ҳалли нақшаҳои дурнамои стратегии умумимиллӣ ва умумидавлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлати миллӣ сафарбар намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар садади мавқеи хос пайдо кардан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, чандин сол мешавад, ки бо мамолики мутараққии ҷаҳон ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судмандро ба роҳ мондааст. Барои мавқеи хос пайдо кардан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки гузаштаи худро хуб дарк намоем, аз таҷрибаи ниёгон истифода бурда, бо силоҳи пурқудрати илму дониш мусаллаҳ шавем, аз навгониҳои техникаву технологияи муосир бархӯрдор бошем, бо шуури пурғановати таърихию анъанаҳои бой, маросимҳои суннатӣ, ҳаёти маишӣ, тарзи зиндагии миллӣ, ки васоити асосии ҳастии миллат аст, ба ҷаҳони муосир ворид гардем ва дар тамаддуни умумибашарӣ саҳми худро гузорем. Ҳамчунин сабақҳо, донишҳо, дастовардҳо ва ҳунаре, ки мо аз тамаддуни ҷаҳонӣ мегирем, ба андешаи миллии имрӯзаамон мувофиқу мутобиқ гардонида, дар татбиқи он саъй варзем.

Ҳайати профессорон, устодон, созмонҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён ва кулли кормандони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» хушнуду фараҳманд гардида, ба мақоми боиставу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат сазовор гардидани Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми бошарафи кишвар табрику таҳният мегӯянд.

Мо боварӣ дорем, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат Ватани азизамон боз ҳам шукуфотару беҳтар аз беҳ гардида, мардуми шарафманди он дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ корҳои созандаву бунёдкоронаро ба анҷом мерасонанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат

Сиёсатмадори барҷаста ва абармарди сарсупурдаи миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо