ЗАНИ МУВАФФАҚ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар рушди ҷомеаи муосир занон нақши назаррас доранд. Онҳо на танҳо модар ва тарбиятгар ҳастанд, балки бо дониш, малака ва масъулиятшиносии худ роҳбарони корхонаҳои муҳим ва мутахассисони варзида мебошанд. Қаҳрамони имрӯзаи мо Зардова Дилафрӯз Нуралиевна, намунаи ибрати заҳматкашӣ, одобу ахлоқ ва хизмати софдилона ба ҷомеа аст.
Дилафрӯз 21 октябри соли 1976 дар шаҳри Левакант ба дунё омадааст. Соли 2001-ум Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, факултаи муолиҷавиро, бо ихтисоси табиб-кардиолог хатм намуда-аст. Пас аз гузаронидани интернатура дар беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш баргашта, дар беморхонаи марказии шаҳри Левакант ба вазифаи мудири шуъбаи амрози даруна ба кор оғоз кардааст.
Дар солҳои 2022–2023 табиб-кардиолог Дилафрӯз Нуралиевна дар шаҳри Белгороди Федератсияи Русия фаъолият намуда, таҷрибаи байналмилалӣ ба даст овардааст.
Аз соли 2024 то имрӯз ӯ директори Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар ҶСК “Саодат” мебошад. Ӯ бо кори ҳалолу содиқона, масъулиятшиносӣ ва малакаи роҳбарӣ дар байни омӯзгорон, табибон ва донишҷӯён обрӯ ва эътибори баланд дорад.
Ӯ дар бораи тиб чунин ибро-зи андеша дорад: «Соҳаи тиб яке аз муҳимтарин соҳаҳои ҷомеа мебошад. Масъулияти он бузург аст, зеро саломатии инсон ба он вобастааст». Дилафрӯз Нуралиевна на танҳо роҳбари сахтгир ва серталаб аст, балки ба донишҷӯён муносибати модаро-на мекунад ва онҳоро дар руҳияи хизмат ба халқу Ватан тарбия менамояд.
Ҳадафи асосии ӯ омода намудани кадрҳои ихтисосманди соҳаи тандурустӣ аст, ки на танҳо назария, балки таҷрибаи амалӣ низ доранд. Бо ташаббус ва диди навоваронаи ӯ дар коллеҷ усулҳои муосири таълим ҷорӣ шудаанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи таълим ва қобилияти донишҷӯён мусоидат мекунанд.
Дар Рӯзи Модар мо ба ҳамаи модарони меҳрубон, фарзандпарвар, заҳматкашу содиқ саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбӣ таманно дорем. Хизмати пуршарафи онҳо барои оила, ҷомеа ва Ватан арзанда аст.
Сабоҳат АБДУРАҲИМОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар, ҶСК “Саодат”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00