Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Татбиқи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Бохтар


Татбиқи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Бохтар



Қисми  даромади  буҷети  шаҳри  Бохтар  дар  семоҳаи  аввали соли ҷорӣ 106 фоиз таъмин гардид. Ба ҷойи 279 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 296,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора дар ҷаласаи  ҷамъбасти  натиҷаҳои  рушди  иқтимоию  иқтисодии шаҳри Бохтар дар семоҳаи якуми соли 2025 хабар дода шуд.

Қайд  гардид,  ки  дар  ин  давра дар маркази маъмурии вилоят 2207 ҷойи  нави  кори  доимӣ  ва  беш  аз 3000  ҷойи  кории  муваққатӣ  таъсис дода шуд. 

Музди  миёнаи  моҳонаи  кормандон  дар  шаҳр  2275  сомониро  ташкил  дода,  дар  муқоиса  ба соли  гузашта  15  фоиз  афзудааст. Қарздории музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳоло дар шаҳри Бохтар 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла 1 лоиҳа бо сармояи мустақим амалӣ мешавад. 

Самтҳои асосии ин лоиҳаҳо бехатарии роҳҳо, таъмири шабакаи обу корез,  бунёди  муассисаҳои  таълимӣ ва  варзишӣ  буда,  ҳаҷми  умумии сармоягузорӣ  беш  аз  20  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ  дар  семоҳаи  аввал  330,6 миллион  сомонӣ  буда,  нисбат  ба ҳамин  давраи  соли  гузашта  32,3 миллион сомонӣ зиёд аст (афзоиш - 110,8%). Гуфта шуд, ки дар доираи Солҳои  рушди  саноат  (2022–2026) дар  шаҳри  Бохтар  16  корхонаи саноатӣ  мавриди  истифода  қарор гирифт. Соли гузашта 6 корхона бо таъсиси 103 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода