Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пешвои миллат-роҳнамои миллат


Пешвои миллат-роҳнамои миллат




Дар  Паёми  навбатии  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати  сиёсати  дохилӣ  ва  берунии  кишвар  самтҳои асосии тараққиёти кишвар дар ояндаи наздик мавриди баррасӣ қарор гирифта, муайян карда шуд. Бори дигар ҳаёт исбот кард, ки Сарвари ояндабин ва хирадманди мо  барои  беҳбудии  ҳаёти  мардум  пайваста  чораҳои амалӣ меандешад. 


Паёми  навбатӣ  ба  аҳолии  мамлакат  хушнудӣ  овард.  Бояд  таъкид намоем,  ки  тамоми  дастовардҳои беназири вилоят дар соли 2024 дар натиҷаи  сиёсати  хирадмандонаи Сарвари  кишвар,  Пешвои  миллат ва  роҳбарии  раиси  вилояти  Хатлон Давлаталӣ  Саид  ба  амал  омадааст. Вилоят зина ба зина пеш раф-та,  дар  миқёси  кишвар  аз  ҷиҳати рушди  иқтисодию  иҷтимоӣ  ҷойи намоёнро   ишғол  мекунад.  Ҳамаи соҳаҳо,  бахусус  соҳаи  кишоварзӣ, саноат, сохтмон, меъморӣ, ҳамчунин ҷанбаҳои  иҷтимоӣ  рушд  ёфта  истодааст.  Таъмини  ҳаёти  шоистаи мардум  мақсаду  мароми  Сарвари давлати мо мебошад. Давлат кӯшиш ба  харҷ  медиҳад,  ки  ҳар  шаҳрванд ҳаёти арзанда бинад. Ба ин суръати тараққиёти  ҳамаи  соҳаҳо  шаҳодат медиҳад.

Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  мақсаду  маромашро  ошкоро  баён  карда  буд: «Ман ба азму ирода, ҳисси баланди миллӣ,  ватандӯстию  ватанпарастӣ, ғайрату матонат ва садоқати хурду бузурги Хатлонзамин нисбат ба Ватани соҳибистиқлоли худ эътимоди комил   дорам  ва  дилпурона   изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ ба хотири   ободии  Ватан,   пешрафти давлат,   таҳкими  сулҳу  оромӣ,  суботи  сиёсӣ  ва  ваҳдати  миллӣ   дар кишвари  азизамон   саъю  талоши бештар хоҳанд кард».

Рақамҳо  хурсандибахшанд.  Ин шаҳодати он аст, ки меҳнаткашон дар ҳамаи ҷанбаҳои хоҷагии халқи вилоят суботкорона ва эҷодкорона меҳнат карда  истодаанд.  Меҳнаткашони вилоят   дар  соҳаҳои  кишоварзӣ, саноат,  сохтмон,  меъморӣ  ва  ғайра ташаббусу  эҷодкорӣ  нишон  дода, нишондиҳандаҳои  худро  рӯз  аз  рӯз афзун  мегардонанд.  Хурсандибахш аст, ки дар соли 2024 маҷмуи маҳсулоти  минтақавӣ  ба  42,8  миллиард  сомонӣ   баробар  гашт.  Дар давраи  ҳисоботӣ   суръати  рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ афзуда, ҳиссаи он дар таркиби маҷмуаи маҳсулоти  дохили  кишвар  27,9  фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023  беш  аз  6,2  миллиард  сомонӣ зиёд аст.

Дар  паси  ин  рақамҳо  корнамоӣ, меҳнати  кормандони  соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят мушоҳида мешавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизро дар канори  кишварҳои  пешрафтаи  дунё дидан мехоҳад. Президенти маҳбуби кишвар  бо  боварию  эътиқод  дар Паёми  навбатӣ  овардааст:  «Хуб медонем,  ки  мо  бо  чунин  мардуми ватандӯсту  заҳматкаш  тамоми  нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин  амалӣ  мегардонем  ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем».

Тоҷикистон  солҳои  охир  ба қатори  пешрафтаи  олам дохил  шудааст.  Дар  пойтахти  кишвар   шаҳри  Душанбе,  ҳамзамон   шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб биноҳои зиёди истиқоматӣ қомат афрохта, ба ҳусни  кишвар  ҳусни  тоза  зам кардааст.  Ҳар  рӯз  ҳазорҳо сайёҳони  хориҷию  дохилӣ ҷойҳои  таърихӣ  ва  хушманзари  Тоҷикистонро  тамошо карда,  бо  таассуроти  нек  аз ин маҳалҳои тамошобоб бармегарданд.  Мақсади  асосии Роҳбари давлат дар беҳбудии мардуми   тоҷик,  рӯз  аз  рӯз хубтару  беҳтар  гардондани шароити меҳнаткашони мамлакат аст.

Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ   фаъолона  ва  бо ташаббусҳои наҷиб баромад карда, аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  дастгирӣ меёбад.  Даҳҳо  ташаббуси   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Пеш-вои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати  оби  тоза,  ҳифзи пиряхҳо ва ғайра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Бо қаноатмандӣ бояд қайд кард,  ки  ҷомеаро  мутахассисон,  кадрҳои  соҳибихтисос пеш  мебаранд.   Дар  Паём аз  ҷумла   қайд  гардид,  ки имрӯз  42  ҳазору  400  нафар ҷавонони  мо  дар  42  давлати мутараққии   олам   таҳсили илм   доранд,  ки   аз  ин  13 ҳазор   духтарон  мебошанд. 

Давлату  Ҳукумати  кишвар пайваста ба сифати таълим, дараҷаи   касбии   омӯзгорон, истифодаи   технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ дар раван-ди таълим, таҳкими заминаи моддиву   техникӣ,   корҳои илмию тадқиқотӣ, тадбирҳои тарбиявӣ   эътибори  махсус медиҳанд.

Ба муносиботи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаҳои чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он 3, 45 миллиард  сомонӣ   ба   соҳаи сохмон   аз  ҳисоби   ҳамаи маблағҳои  маблағгузорӣ  равона шудааст. 

Раиси  вилояти   Хатлон Давлаталӣ  Саид  дар   яке аз   нишасти   матбуотӣ   бо рӯзноманигорон   натиҷаи иқтисодию иҷтимоии вилоятро   дар  соли  2024   баррасӣ намуд.   Соли   2024   маҷмуи маҳсулоти   минтақавӣ   ба 42,8 миллиард сомонӣ баробар   гашта,   суръати   рушди соҳаи   иқтисодию   иҷтимоӣ 8,3   фоизро  ташкил   дод,  ки нисбати  соли  2023   ба  андозаи 6,2 миллиард зиёд аст. 

Шукри   Худо   мо-тоҷикон, мардуми   хушбахтем.   Пешвои  мо   муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  барои   ҳаёти хушу   хуррами   мо   тамоми   шароитҳоро   фароҳам овардааст.   Тавассути   Паём ба  одамони   эҳтиёҷманд сабукиҳо дода, музди маош ва   нафақаи   кормандонро зиёд карданд. Муҳимаш он аст, ки Президент ба тамоми   шаҳру   ноҳияҳо   сафар намуда,   ба   ҳаёти   халқ   аз наздик   шинос   шуданд,   ба ятимхонаҳо   кумак   расонданд, аз ҳолу аҳволи пирон хабар   гирифтанд.   Бигзор Пешвои мо ҳамеша сарфарозу сарбаланд, ғамхори мардуми эҳтиёҷманд бошанд.

Б. САЙДАЛИЕВ,
собиқадори матбуот

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода