Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » “GEM GROUP”. Тамошои силсилафилмҳои туркӣ моро то куҷо мебаранд?


“GEM GROUP”. Тамошои силсилафилмҳои туркӣ моро то куҷо мебаранд?



Бо  даъвати  як  хеши  наздикамон  дар  хонааш  меҳмон  шудам. Чун  одати  касбиам,  сараввал нигоҳ  ба  оинаи  нилгун  кардам. Барномаи “1001 андеша” аз шабакаи “Си-намо” рӯи экран буд. Бо марди ин оила, ки маро даъват карда буд, гоҳ чашм ба ои-наи нилгуну гоҳ чашм ба ҳамдигар суҳбат мекардем.  Дар  ин  ҳангом  дар  телевизион  намоиши  яке  аз  силсилафилмҳои туркӣ  бо  номи  “Бародарон  ва  хоҳарон” бо  пешниҳоди  яке  аз  шабакаҳои  эронӣ  - “GEM  TV”  оғоз  ёфт.  Дар  ин  ҳангом  “Зуд бошен,  коротона  буд  карден?  Кино  сар шуд...”, - гуфтани соҳибхоназан фикрамро  як  қадар  парешон  кард.  Нигаронкунандааш  он  буд,  ки  марди  хонадон  худ иштиёқманди   силсилафилмҳои  туркӣ буду ҳамроҳ бо зану фарзандонаш онҳоро тамошо мекард.

Ҳамин  тавр,  бо  навбат  аз  якчанд силсилафилм  як  сериягӣ  маҳз  бо пешниҳоди шабакаҳои “GEM” тамошо кардем. Мавзуи суҳбат фақат филми туркӣ буду бас. Дар ин миён ҳолатеро мушоҳида кардам, ки маро ҳайратзада намуд. Аз оғоз то анҷоми як қисм камаш се маротиба реклама мешавад, ки пешниҳоди ҳар бахши реклама аз 10 то 15 дақиқа давом мекунад. Дар ин ҳангом боз “Бачам, чоя дам кун. То реклама  тамом  шудана  ман  намозама хонам...”, - гуфтани соҳибхоназан маро  зиёдтар  ҳайратзада  намуд.  Аз лаҳзаи меҳмондорӣ то вақти хайрбод сарҷамъона филми туркӣ дидему ба қавли соҳибхона “қисми баъдӣ чӣ мешуда бошад”, гуён суҳбати мо атрофи силсилафилм печид. Албатта, ин фазоро  барои  мо  шабакаҳои  маъмули “GEM”  фароҳам  овард.  Ин  ҳолатро бо  мушоҳидаҳои  хеш  дар  аксари оилаҳо дучор шудам. Кӯдаке, ки бояд дарс хонаду илм омӯзад, ба ҷойи он аз  филми  туркӣ  ҳарф  мезанад.  Агар аз қаҳрамонҳои миллат пурсон шавӣ, ба ҷои он “Туғрул” ва “Усмон” мегӯяд. 

Ҷавонону кӯдакон, ҳатто модарони мо низ гирифтори ин “беморӣ” шудаанду дар  соати  муайяни  пахши  силсилафилм  тамоми  корашонро  партофта, рӯ ба рӯи оинаи нилгун менишинанд ва  барои  онҳо  шабакаҳои  “GEM”  кинотеатри ройгон пешниҳод менамояд. Мо ба куҷо равонем?

Фарҳанги чандинҳазорсолаи мо магар афсона буд? Магар Исмоили Сомонӣ, Курушу Дориюши Кабир, Яъқуби Лайс, Темурмалик ва даҳҳо қаҳрамони гузаштаи мо камтар аз Усмону Туғрул буданд, ки имрӯз ҷомеаи мо рӯ ба фарҳанги бегона овардаву бозору мағозаҳоро бо маҳсулоти туркӣ пур кардаанд?

Чун сухан атрофи фарҳангу санъат иброз шуд, сари ин масъала хеле андешидам, ки чӣ тавр синамои турк тавонист, ба осонӣ моро сӯи худ бурда,  таваҷҷуҳи  мардумро  ба  сина-мои  ватанӣ  коҳиш  диҳад  ва  гуруҳи шабакаҳои  “GEM”,  ки  омили  асосии тарғибкунандаи  ин  филмҳо  мебошанд,  чӣ  гуна  тавонистанд,  то  дар экранҳои  рангаи  хонаҳои  мо  ҷойи телевизионҳои ватаниро гиранд? 

Имрӯз  тавассути  синамо  халқу миллатҳои  ҷаҳон  фарҳангу  тамаддуни хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ ме-намоянд. Дар ин баробар кӯшиш ме-намоянд,  ки  филмҳои  офаридаашон дар  бозори  синамо  серхаридор  бошанд. Кишварҳое, ки имрӯз ба тавлиди филмҳои ҳаҷман серхаридор даст мезананд, бояд гуфт, ки барои ба навор гирифтани ин филмҳо ширкатҳои филмсозӣ  маблағҳои  ҳангуфт  харҷ мекунанд,  то  ин  ки  филми  офаридаашон  сертамошобин  ва  писанди ҷаҳониён  бошад.  Омили  серхаридор ва сертамошобин гардидани филмҳо дар  байни  дигар  халқу  миллатҳои ҷаҳон  ин  дубляж  ва  тарҷумаи  он  аз як  забон  ба  забони  дигар  мебошад. 

Кишварҳое,  ки  имрӯз  дар  дубляж  ва тарҷумаи филмҳо зиёд даст доранд, бо ширкатҳои бузурги филмсозӣ шартномаи махсус мебанданд ва дар ин баробар худ низ даромад ба даст меоранд. 

“ҲАМСАДО”, “НАСИҲАТ”,  “НУРАНгЕЗФИЛМ” ВА “КАРОНФИЛМ”-РО СЕРИАЛҲОИ ТУРКӢ МАШҲУР КАРД?

Дар  кишвари  мо  ҳам  имрӯз студияҳое  ҳастанд,  ки  замоне  ба тарҷума ва фурӯши филмҳои хориҷӣ машғул буданд. Вале, мутаассифона, аксари  филмҳои  тарҷуманамудаи  ин студияҳо низ маҳз филмҳои туркӣ ба шумор мерафт. Аз ин миён танҳо чанде аз ширкатҳои телевизионии ватанӣ барои  ҷолибтар  гардидани  фазои барномаҳои худ ва ҷалби тамошобин гоҳ-гоҳе тарҷумаи филмҳои хориҷиро ба роҳ мемонанд. Дар ин соҳа шабакаи “Синамо” пешсаф аст. Бояд гуфт, ки  тарҷума  ва  дубляжи  ин  филмҳо маҳз  аз  ҷониби  худи  шабакаҳои телевизионӣ сурат мегиранд. 

Имрӯз маҳбубият ва паҳн гардидани  филмҳои  туркӣ  миёни  ҷомеаи  мо метавонад, таъсири манфӣ ба афко-ри  ҷомеа  ва  фарҳанги  миллӣ  расонад. Соли  2011  аввалин  силсилафилми туркӣ бо номи “Ҳомиён” бо забони тоҷикӣ  аз  ҷониби  студияи  “Ҳамсадо” тарҷума ва паҳн гардид, ки он дар як муддати кӯтоҳ маҳбубият пайдо кард. 

Ҳатто боиси он гардид, ки дар арафаи ҷашни  20-солагии  Истиқлоли  давлатии  кишвар  тамоми  ҳунармандони филми мазкур ба Тоҷикистон даъват карда  шуданд.  Як  муддат  тамоми расонаҳо,  ҳатто  баъзе  шабакаҳои телевизионӣ  ҳам  мавзӯи  ташрифи ин  ҳунармандонро  матраҳ  мекарданд. Ҳангоми вуруди ҳунармандони филми мазкур ба Тоҷикистон “мухлисон” дар як фазои тантанавӣ онҳоро “рӯ  рӯи  даст”  пешвоз  гирифтанд.  Ин ҳолат  ба  он  оварда  расонд,  ки  сар карда  аз  ҳамон  сол  тарҷума  ва  дубляжи  силсилафилмҳои  туркӣ  ба авҷи шуҳрат расид. Дар ин баробар, студияҳои  дигаре  чун  “Симо  продакшн”,  “Насиҳат”,  “Каронфилм”  ва “Нурангезфилм”  низ  ба  тарҷумаи филмҳои туркӣ даст заданд. Ҳафтае як  маротиба  ва  тарҷумаи  танҳо  як қисм бо он оварда расонд, ки мардум бесаброна  қисми  баъдиро  интизорӣ мекашиданд. Аз ин ҳафта то ҳафтаи дигар  миёни  ҷомеа,  ҳатто  хонандагони мактаб мавзӯи баҳс танҳо филм буду бас.

Боиси  таассуф  ва  нигаронист,  ки забони тарҷумаи баъзе аз ин филмҳо ба  фарҳанги  забони  тоҷикӣ  ҳеҷ мувофиқат  намекунад.  Зеро  ҳангоми тарҷума дар дубляжи ҳунарпешагони ҳазлбоз  аз  ибораҳое  истифода  шудаанд,  ки  аслан  хилофи  фарҳанги тоҷикист.  Мақсад  аз  тарҷума  ва  ду-бляжи ин филмҳои туркӣ дар чӣ буд? Даромад ё чизи дигар? 

Тамошои филмҳои туркӣ, чӣ тавре ки дар боло ишора рафт, метавонад, таъсири  гуногун  ба  афкори  омма, хусусан кӯдакон, расонад. Таъсири он метавонад, ҳам мусбат ва ҳам манфӣ бошад. Мухтадо Гадоев як ҳамсуҳбати мо, ки зиёд шавқманди филмҳои туркиву  ҳаваси  рафтан  ба  ин  кишварро доштааст,  баръакс  чунин  ақида  до-рад:  “Мо  наметавонем,  ба  кӯдакон тамошои  ин  силсилафилмҳоро  тав-сия  диҳем,  зеро  аз  фоида  дида  зарараш  зиёдтар  аст.  Масалан,  бисёр сериалҳои туркӣ воқеиятро бо шакли идеализатсияшуда  ё  пур  аз  драматизм нишон медиҳанд, ки метавонад, дар зеҳни кӯдакон тасаввуроти ноду-руст дар бораи ҳаёт ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд орад”. 

Эҳсон (номи шартӣ) ном муҳоҷири меҳнатие,  ки  чанд  сол  дар  Туркия кору  фаъолият  намудаасту  имрӯз дар  Русия  муҳоҷир  аст,  тамошои  ин филмҳо ва дилбастагии ҷомеаи моро боиси  нигаронӣ  арзёбӣ  намуд:  “Ман дар  Туркия  зиндагӣ  кардаам  ва  медонам,  ки  оқибати  дил  бастан  ба  ин филмҳо ба чӣ анҷом меёбад. Аслан, бештар занону духтарони мо шавқу рағбат ба тамошои ин филмҳо доранд, ки ҳатто баъзан иҷрои  кори  хонаро  фаромӯш  мекунанд.  Ман инро  дар  оилаи  худ  ячанд  маротиба  эҳсос кардам  ва  фаҳмидам,  ки  агар  садди  роҳи  ин нашавам,  шояд  ба  фарзандонам  ин  ҳолат таъсири  манфӣ  расонад.  Аз  ин  рӯ,  тамошои силсилафилмҳои туркиро дар хонаи худ манъ  кардам”. 

Тамошои пайвастаи силсила-филмҳои туркӣ ба афкори кӯдакон зараровар буда, метавонад, боиси одати доимии онҳо гардад, ки ин ҳолат, дар ниҳоди кӯдак эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати хешро нобуд созад.  .

Зеро  дар  баъзе  аз  ин  силсилафилмҳо муносибат  ва  арзишҳои  оилавӣ  ба  таври ғайривоқеӣ  ё  ҳатто  харобиовар  нишон  дода мешаванд.

Дар  ин  баробар  аксар  вақт  пур  аз муноқишаҳо,  саҳнаҳои  зӯроварӣ  ва  драмаи эҳсосотӣ ҳастанд, ки метавонанд ба психологияи кӯдакон таъсири манфӣ расонанд. Ғайр аз ин дидани филмҳои бисёрсериягии тӯлонӣ метавонад,  боиси  одат  ва  ҳатто  вобастагии кӯдакон гардад, ки ин ба таҳсил ва фаъолияти дигар таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ду–се соли охир таваҷҷуҳ ба тарҷумаи филмҳои туркӣ аз ҷониби студияҳои маҳаллӣ дар  кишвари  мо  кам  шудааст  ё  қариб,  ки нест. Дар як пурсиши сарироҳие, ки бо ашхоси  гуногун  гузаронидем,  аксарият  омили онро шабакаҳои эронӣ донистанд. «Мардум рӯ оварданд, ба шабакаҳои эронӣ. Дар шабакаҳои эронӣ  ҳар  рӯз  як  қисми  навро  пешниҳод  мекунанд.  Худи  ман  ҳам  сериалҳои  туркиро  аз шабакаҳои  “ҶЕМ”  тамошо  мекунам”,  -  иброз дошт як нафар донишҷӯ аз шаҳри Бохтар. 

«GEM Group» БИЗНЕСИ ОНҲОРО «КУШТ» ВА Ё ТАМОШОБИН КАМ ШУД?

Тарҷума  ва  пешниҳоди  зиёди силсилафилмҳои  туркӣ  аз  ҷониби  шабакаҳои эронӣ боиси он гардидааст, ки студияҳои шахсӣ ҳаводорони худро аз даст диҳанд ва таваҷҷуҳи мардум ба тамошои филмҳои шабакаҳое, чун GEM TV, ба бозори телевизионии Тоҷикистон таъсири  калон  расониданд.  Онҳо  пахши барномаҳои  худро  бо  сифати  баланд,  бо  дубляжи касбӣ ва ройгон пешниҳод мекунанд, ки бо  он  рақобат  кардан  ба  студияҳои  маҳаллӣ душвор аст. Ин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.  GEM TV,  ки  асосан  барномаҳояш  бо  за-бони форсӣ пахш мешаванд, барои бисёре аз тамошобинон  фаҳмо  мебошад.  Дар  натиҷа, талабот  ба  дубляжи  маҳаллӣ  ва  тамошои барномаҳои телевизионии ватанӣ кам шуд. 

“GEM  Group”  як  гурӯҳи  расонаии  байналмилалиест,  ки  ба  истеҳсол  ва  пахши барномаҳои  телевизионӣ  барои  форсиза-бонон  машғул  аст.  Он  аз  ҷониби  як  дастаи соҳибкорони  расонаӣ  таъсис  ёфта,  ҳоло  та-вассути платформаҳои гуногун, аз ҷумла телевизиони моҳворавӣ, рақамӣ ва IPTV фаъолият мекунад.  Барномаҳои  “GEM”  сериалҳои  маъ-руфи  хориҷӣ,  филмҳои  Ҳолливуду  Болливуд, барномаҳои  кӯдакона,  намоишҳои  фарҳангӣ ва  мусиқиро  дар  бар  мегиранд.  Имрӯз  “GEM Group” наздик ба 100 шабакаи алоҳидаро идора мекунад, ки ҳар кадом ба як самти мушах-хас бахшида шудаанд. 

Таъсири  “GEM”  дар  таблиғи  сериалҳои туркӣ  хеле  бузург  аст.  Дар  ҳоле  ки  дар кишварҳои  форсизабон  тарҷума  ва  пахши филмҳои  туркӣ  коҳиш  ёфтааст,  шабакаҳои “GEM” ва платформаи нави стримингии Туркия бо номи “Tabii” дубора таваҷҷуҳи мардумро ба ин навъи барномаҳо ҷалб намудаанд. Табиист, ки  тамошои  пайвастаи  чунин  мундариҷа  ба фарҳанги  мардум  таъсир  мегузорад  ва  ҳатто ба камранг шудани арзишҳои миллӣ сабаб мешавад.

Мутаассифона,  бархе  аз  шаҳрвандони мо  бидуни  дарки  паёмадҳои  фарҳангӣ,  ба фарҳанги бегона рӯ овардаанд. Дар чунин шароит, нақши волидон дар тарбияи фарзандон бештар аз ҳарвақта муҳим аст. Моро зарур аст, ки насли навро бо эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ба воя расонем, то онҳо муаррифгари тамаддуни  милати  хеш  ба  ҷаҳониён  бошанд, на тақлидгари фарҳанги бегона. 

Боқӣ, қазоват аз шумост, хонандагони азиз!

Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода