«Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мегардад, дар қаламрави вилояти Хатлон аз 21 апрел то 30 майи соли 2025 таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ баргузор мегардад. Дар ин бора қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба тасвиб расидааст.
Ҳадаф аз ин иқдом амалӣ намудани сиёсати давлатии таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ҷалби аҳли ҷомеаи вилоят ба масъалаҳои марбут ба ноболиғон буда, он ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бахшида мешавад. Дар доираи “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” гузаронидани аксияҳои “Биё, бо ҳам китоб мехонем”, “Ба китобхона меравем”, “Боғча пури бозича”, мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд миёни духтарону писарон, воллейбол, шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз, ташкили озмунҳои зеҳнӣ, маҳфилҳои адабӣ, тамошои намоишномаҳои театрӣ, барномаҳои консертӣ, кинофилмҳо, сайри осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ, озмунҳои “Ифтихори ватандорӣ”, “Рассоми беҳтарин”, “Хонандаи сол-2025”, “Китобхони беҳтарин”, “Дастони моҳир”, “Чакандӯзи беҳтарин”, “Барномасози беҳтарин”, “Ихтироъкори наврас”, “Ровии беҳтарин”, “Рақси беҳтарин”, “Аз роҳ дуруст гузар!”, “Гулпарвари беҳтарин”, “Донояк”, “Забондон”, “Луғатдони беҳтарин”, “Мо дӯстдори табиатем”, озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Инчунин, кӯдакони дорои маъюбияти бистарӣ аёдат шуда, дар шабакаҳои телевизионии вилоят барномаҳои маърифатӣ-тарбиявӣ дар мавзуи “Кӯдаконро меҳрубонӣ мебояд” ташкил карда мешавад.
Ғолибони озмунҳои болозикр дар фестивал-озмуни вилоятии кӯдакон “Кӯдакон – сарвати бебаҳои миллат”, ки рӯзи 1 июн дар шаҳри Бохтар бар-гузор мешавад, бо мукофотҳо қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00