Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Дар ҷомеаи муосир яке аз муаммоҳои бузургу ташвишовар, ки ба сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳои дунё таҳдиди бевосита дорад, ин амалҳои террористиву экстремистӣ маҳсуб меёбад. Содир намудани чунин амалҳои ғайриинсонӣ ҷони ҳазорҳо сокинони осоишта, ҳатто тифлакони бегуноҳро низ аз байн мебарад ва аксаран боиси барангехтани низоъҳои миллию иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.
Ҳамзамон чунин амалҳои ноҷавонмардона боиси нобудшавии сарватҳои моддию маънавии таърихии халқу миллатҳое мегарданд, ки барқарор намудани онҳо ғайриимкон аст.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн намуда, хатари бу-зурги иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва сиёсиро барои давлатҳои ҷаҳон эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза ба терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ, инчунин маблағгузории онҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои махсус мушоҳида мегардад.
Бо зиёд ва паҳн шудани ин гурӯҳҳои ифротгаро аҳком ва мафҳумҳои ҳақиқии динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро моҳирона таъриф намуда, нафрати баъзе аз афроти ҷомеаро нисбат ба роҳбарони сиёсӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеа бармеангезанд. Дар ҳоли самар додани ин ангезаҳо онҳо ҳар гуна туҳматҳои беасосро нисбат ба роҳбарияти сиёсӣ ва динӣ бофта, аз сари қудрат дур кардани онҳоро тарҳрезӣ менамоянд.
Айни азмон дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.
Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, их-тилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуротҳои номатлуб дар ҷомеа бисёр дида мешавад.
Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад. Таърифи афкори андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласа-вод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Мо- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, экстремизм ва терроризмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди тоҷики ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм шабоҳат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлол ва якпорчагии кишвар талош варзад. Ҷавонони тоҷик имрӯз бояд дар таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ, инчунин, дар ободии Ватани азизамон собитқадам бошанд.
Азизулло МУҲИДДИНОВ,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДДБ
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.