Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РУШДИ УСТУВОРИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ГИРИФТ


РУШДИ УСТУВОРИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ГИРИФТ



Имрӯз, 16 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сокинони заҳматдӯсти вилоят бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тадбирҳои судманд андешида, дар натиҷа рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2025 бо нишондиҳандаҳои назаррас таъмин гардид.


Сипас, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода бо пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар моҳҳои январ-март баромад намуд.

Тибқи маълумот, ҳаҷми маҷмӯи нишондиҳандаи кутоҳмуддати рушди иқтисодӣ дар вилоят ба 6,2 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8 фоизро ташкил додааст. Хиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии нишондиҳандаи ҷумҳурӣ 20,2 фоизро ташкил медиҳад. Рушди иқтисодии минтақа бештар аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (4,2 фоиз), кишоварзӣ (6,7 фоиз), гардиши савдо (18,4 фоиз), хизматрасониҳои пулакӣ (8,6 фоиз), боркашонӣ (11,2 фоиз) ва мусофиркашонӣ (8,4 фоиз) ба даст омадааст.

Нақшаи қисми умумии даромади буҷети вилоят дар семоҳаи мазкур 100 фоиз иҷро гардида, иҷроиш аз нақша 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи воридоти андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба дурнамои пешбинишуда 12,1 миллион сомонӣ зиёд иҷро шудааст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни музокирот бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони сохторҳои дахлдор доир ба масъалаҳои ҳалталаб суолу ҷавоб доир намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати сари вақт баррасӣ ва иҷрои вазифаҳои стратегӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

– Боварии комил дорем, ки бо ирода ва масъулияти баланди корӣ аҳли заҳмати вилоят дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро амалӣ намуда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, иҷрои босифати барномаҳои соҳаю маҳаллӣ, корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро истифода мебарем, – зикр намуд раиси вилоят.



Дар фарҷом Давлаталӣ Саид ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ оид ба иҷрои нақшаҳои андоз, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об, ҷалби сармоя, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода