АЗ ОРЗУ ТО ВОҚЕИЯТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 235
-ҶАВОНОН ВА ДИДГОҲИ ОНҲО БА ИЗДИВОҶСаъдулло БУТАЕВ, донишҷӯ:
-Ҳамсари ояндаи ман бояд зани меҳрубон, содиқ, бо-вафо ва фидокор бошад. Вай бояд дар корҳои хона кумак намояд, падару модарамро эҳтиром кунад ва онҳоро мисли падару модари худ дӯст дорад. Барои ман муҳим аст, ки вай дар паҳлуи ман бо тамоми душвориҳои зиндагӣ мубориза барад ва маро дар ҳама ҳолатҳо дастгирӣ намояд.
Ман аллакай шахсеро, ки ҳамсари ояндаам мешавад, пайдо кардаам ва хушбахтона, волидонам низ аз интихоби ман розӣ ҳастанд. Шодам, ки волидонам маро мефаҳманд ва аз дуояшон баҳраманд ҳастам.Сабрина ИБРАГИМОВА, донишҷӯ:
Мехоҳам, ки ҳамсари ояндаи ман марде бошад, ки дорои ахлоқи хуб ва соҳибмаърифат бошад. Дар ин баробар
содиқу бовафо буда, дар ҳама пастиву балндиҳои зиндагӣ канорам бошад. Пайдо кардани ҳамсари хуб, албатта, каме мушкил аст, аммо падарам доимо як сухани хуб доштанд, ки мегуфт: “Худат беҳтарин бош, то беҳтаринҳо насиби ту бошанд”. Ин суханҳои қиблагоҳам чун ҳикмати равшанеанд, ки маро ташвиқ менамояд, то дар интихоби марди ояндаи зиндагиам эҳтиёткор бошам.
Баъзеҳо мегӯянд, ки пайдо кардани шахсе, ки дар ҳама роҳҳои пурпечутоби зиндагӣ паҳлуи ту бошаду дастатро гирад, хеле мушкил аст.
Ба андешаи ман, ин мушкил нест, мушкилӣ дар худи мост, ки интихоб карда наметавонем.Мирмуҳаммади МИСЛОҲИДДИН, сокини ноҳияи Рашт:
-Мехоҳам, ҳамсари ояндаам зани содиқ, меҳрубон, босавод ва таҳсилкарда бошад. Бовар дорам, ки зани соҳиби дониш ва таълиму тарбияи дурустгирифта метавонад фарзандони шоиставу ботарбияро ба камол расонад. Ба андешаи ман, пайдо кардани чунин ҳамсар он қадар мушкил нест, зеро агар шахс ният ва хоҳиши нек дошта бошад, ба мақсади худ мерасад.
Дар мавриди интихоби ҳамсар, фикр мекунам, ки андешаи пада-ру модар низ аҳамияти зиёд дорад. Имрӯз аксари падару модарон ба
фарзандонашон иҷозат медиҳанд, то ҳамсарро бо розигии худ интихоб намоянд. Аммо ҳамеша ризояти падару модарро гирифтан зарур аст.Сумая АШУРЗОДА, донишҷӯ:
-Ман орзу дорам, ки ҳамсари ояндаам шахси таҳсилкарда ва босавод бошад, зеро фаҳмиш ва маърифати баланди ҳамсар асоси зиндагии хушбахтона мебошад. Аммо дар баробари ин, барои ман ризояти падару модарам хеле муҳим аст.
Фикр мекунам, ки агар инсон ростқавл ва бо нияти нек бошад, ҳатман метавонад шахси мувофиқро барои зиндагӣ пайдо намояд. Ман ба ин бовар дорам ва умедворам, ки бо дуои неки падару модарам метавонам як оилаи солиму хушбахт барпо намоям.Гулрухсор ШУКУРОВА, сокини ноҳияи А. Ҷомӣ:
-Муҳим аст, ки ҳамсари ояндаам шахсе бошад, ки хизмати Ватан-Модарро иҷро карда бошад, зеро ин нишонаи ватандӯстӣ ва ҷавонмардист. Илова бар ин, мехоҳам, ки ӯ инсони меҳрубон, боиз-зат ва содиқ бошад. Имрӯз дар ҷомеа пайдо кардани шахси муносиб барои оиладорӣ каме душвор шудааст, зеро аксарияти ҷавонон ба асосҳои аслии зиндагии муштарак диққати ҷиддӣ намедиҳанд.
Хушбахтии ҷавонон аз нигоҳи волидон оғоз меёбад ва ман ҳамеша мекӯшам, ки падару модарам аз тасмимҳои ман розӣ бошанд.Тилло САИДОВ, донишҷӯ:
-Ҳамсари ояндаи ман зане бошад, ки ба волидонам эҳтиром дошта, ҳамеша аз маслиҳату суханонам берун наравад ва дар зиндагӣ таҳаммулпазир бошад. Зиндагӣ пастию баландиҳо дорад ва зане, ки сабур аст, метавонад дар паҳлуи мард бахти зиндагиро бисозад.
Ба фикри ман, пайдо кардани шахси мувофиқ барои ҳамсарӣ мушкил нест, чун ҳар инсон тибқи табъи худ интихоб мекунад ва ба ояндаи худ тасмим мегирад.
Бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Падар розӣ - Худо розӣ». Агар волидон аз интихоби мо розӣ бошанд, зиндагии мо бо баракат ва шодмонӣ мегузарад. Бисёре аз ҷавонон бе ризогии падару модар ҳамсар мегиранд ва баъдан ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, фикри падару модарро гирифтан дар интихоби ҳамсар муҳим аст.Шукрия НЕЪМАТОВА, сокини шаҳри Бохтар:
-Орзу дорам, ки ҳамсари ояндаам шахси фаъолу соҳибкор, дорои кору мансаби хуб ва соҳиби хонаи замонавӣ дар маркази шаҳр бошад.
Имрӯзҳо, мутаассифона, дар миёни ҷавонон дурӯягӣ зиёд шудааст. Пеш аз издивоҷ суханони хуб мегӯянд, вале баъд аз он баръакс рафтор мекунанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки шахс пеш аз интихоби ҳамсар хуб андеша кунад ва аз таҷрибаи калонсолон, аз ҷумла падару модар маслиҳат бигирад.
Ман ба интихоби падару модарам бовар дорам ва фикр мекунам, ки онҳо барои ман хушбахтиро мехоҳанд. Онҳо ҳаргиз намехоҳанд, ки фарзандашон ба нокомӣ рӯ ба рӯ шавад, бинобар ин, ман розиям, ки онҳо дар интихоби ҳамсар бо ман ҳамфикр бошанд.Муҳаммад ҚАЛАНДАРОВ, сокини шаҳри Бохтар:
-Натанҳо ман, балки тамоми ҷавонписарон, мехоҳанд ҳамсафари умрашон духтаре бошад, ки дастёру ҳамнафас ва дар пастиву баландии зиндагӣ канораш бошад.
Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки бисёре аз ҷавондухтарон таҳсили хуб карда истодаанду ба ғайр аз ин дар хона ба пухту паз ва дӯзандагӣ машғул мешаванд, то дар оянда зиндагии хуб дошта бошанд. Дар мавриди интихоби ҳамсар, бовар дорам, ки падару модар барои фарзандон беҳтаринро мехоҳанд. Онҳо ҳамеша бо дуои хайр ва таҷрибаи худ кӯшиш мекунанд, ки барои писарашон арӯсе интихоб намоянд, ки воқеан лоиқи ӯ бошад. Аз ин рӯ, ман пурра ба интихоби волидайнам эҳтиром мегузорам ва розиям, ки онҳо дар ин кор саҳм дошта бошанд.
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
-
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд