Татбиқи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 2
![]()
Қисми даромади буҷети шаҳри Бохтар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 106 фоиз таъмин гардид. Ба ҷойи 279 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 296,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар дар семоҳаи якуми соли 2025 хабар дода шуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра дар маркази маъмурии вилоят 2207 ҷойи нави кори доимӣ ва беш аз 3000 ҷойи кории муваққатӣ таъсис дода шуд.
Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар шаҳр 2275 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 15 фоиз афзудааст. Қарздории музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳоло дар шаҳри Бохтар 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла 1 лоиҳа бо сармояи мустақим амалӣ мешавад.
Самтҳои асосии ин лоиҳаҳо бехатарии роҳҳо, таъмири шабакаи обу корез, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ беш аз 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввал 330,6 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3 миллион сомонӣ зиёд аст (афзоиш - 110,8%). Гуфта шуд, ки дар доираи Солҳои рушди саноат (2022–2026) дар шаҳри Бохтар 16 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Соли гузашта 6 корхона бо таъсиси 103 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...