Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДӮСТИИ АБАДӢ - ЗАМИНАИ СУБОТИ МИНТАҚАВӢ


ДӮСТИИ АБАДӢ - ЗАМИНАИ СУБОТИ МИНТАҚАВӢ




Нигоҳе аз Хатлон ба Эъломияи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон

Дар  таърихи  давлатҳо  ва миллатҳо  лаҳзаҳое  ҳастанд,  ки  на танҳо  равобити  дуҷонибаро,  балки  сарнавишти  наслҳоро  барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян месозанд. Имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷумҳурии  Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳз аз зумраи чунин рӯйдодҳои таърихӣ мебо-шад, ки заминагузори марҳилаи нави равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангии  халқҳои  ба  ҳам  бародарро гузошт.


Се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва  Қирғизистон  дар  баробари  таъриху  тамаддуни муштарак,  аз  лиҳози  ҷуғрофӣ,  этникӣ  ва  фарҳангӣ низ  пайванди  ногусастанӣ  доранд.  Аз  ин  рӯ,  рушди муносибатҳои неку бародарона миёни онҳо ба манфиати мардумони ин кишварҳо, гузашта аз он, ба нафъи тамоми  минтақа  аст.  Эъломияи  дӯстии  абадӣ  ифодаи иродаи сиёсии раҳбарони кишварҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, ки фазои мутақобилаи эҳтиром, эътимод ва ҳамкории дарозмуддатро фароҳам овардаанд.

Аз  дидгоҳи  сиёсӣ,  Эъломияи  дӯстии  абадӣ  суботи устувор  ва  пешгирии  низоъҳоро  дар  минтақаи  Осиёи Марказӣ  таъмин  намуда,  метавонад  ҳамчун  замина барои  таҳкими  равобити  дипломатӣ,  ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар арсаи байналмилалӣ ва рушди механизми муштараки ҳалли масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла масоили  сарҳадӣ,  об  ва  амният  хизмат  намояд.  Бо тасдиқи ин санади муҳим, кишварҳо қадами ҷиддӣ ба сӯи хунсо кардани омилҳои низоъбарангез ва таҳкими сулҳи пойдор гузоштанд.

Аз  лиҳози  иқтисодӣ,  эъломия  имкониятҳои  васеи рушди  тиҷорат,  сармоягузорӣ,  ҳамкориҳои  саноатӣ  ва инфрасохториро  фароҳам  меорад.  Бартарафсозии монеаҳои  гумрукӣ,  ҳамоҳангсозии  сиёсати  нақлиёт ва  энергетика,  бунёди  долонҳои  нави  иқтисодӣ  ва лоиҳаҳои муштарак – ҳама ин ба шарофати фазои эътимод ва дӯстӣ миёни кишварҳо имконпазир мегардад. 

Тоҷикистон,  Қирғизистон  ва  Ӯзбекистон  метавонанд захираҳои  обу  энергетика,  маҳсулоти  кишоварзӣ  ва захираҳои инсонии худро дар як платформаи минтақавӣ муттаҳид намуда, ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёбанд.

Эъломияи дӯстии абадӣ ба таҳкими равобити байни  халқҳо,  муҳоҷирати  босубот  ва  табодули  озоди шаҳрвандон  мусоидат  мекунад.  Он  ба  беҳтар  шудани  шароити  зиндагии  мардум,  коҳиши  сатҳи  бекорӣ, таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ  ва  густариши  баробарии иҷтимоӣ  мусоидат  хоҳад  кард.  Баробари  он,  мубодилаи  донишҷӯён,  фаъолсозии  барномаҳои  таҳсилоти муштарак  ва  рушди  лоиҳаҳои  иҷтимоӣ  метавонад мустаҳкамкунандаи  дӯстию  бародарии  мардуми  оддӣ бошад.

Се  миллате,  ки  бо  ин  эъломия  дӯстиашонро  беш аз пеш мустаҳкам карданд, дорои решаҳои фарҳангии муштарак,  забонҳои  наздик  ва  суннатҳои  бисёр ҳаммонанд  мебошанд.  Эъломияи  дӯстии  абадӣ  метавонад  ба  эҳёи  мероси  муштараки  таърихӣ,  тарғиби арзишҳои фарҳангии миллӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин ба ташкили чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ, конфронсҳо, ҳафтаҳои  дӯстӣ  ва  ҷашнҳои  муштарак  мусоидат  намояд.  Ин  падида  ба  ташаккули  худшиносии  ягонаи минтақаи Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Имзои Эъломияи дӯстии абадӣ рӯйдоди таърихиест, ки ба таври мустақим ба зиндагии мардумони минтақа, хоса  мардуми  заҳматпешаи  вилояти  Хатлон,  таъсири мусбат мерасонад. Дар як давраи нави муносибатҳои дӯстонаи ҳамсояҳо аҳамияти ин иқдом барои сокинони ҷануби Тоҷикистон боз ҳам бештар аст.

Вилояти  Хатлон,  ки  бо  Ӯзбекистон  ҳамсарҳад  ва ҳампайванд мебошад, дорои ҷойгоҳи муҳими геосиёсӣ дар муносибатҳои минтақавӣ аст. Дар ин замина, Эъломияи  дӯстии  абадӣ  на  танҳо  дари  нави  ҳамкориро боз  мекунад,  балки  орзуи  деринаи  мардумони сарҳаднишинро амалӣ месозад: сулҳ, эътимод, муоширати озод ва рушди муштарак.

Муносибатҳои  анъанавии  сокинони  Хатлон  бо мардуми  вилояти  Сурхондарёи  Ӯзбекистон,  ки  дар тӯли  таърих  бо  ҳам  робитаҳои  хешутаборӣ,  тиҷоратӣ ва  фарҳангӣ  дошта,  дар  доираи  аҳди  бародаршаҳрӣ ҳамкории расмӣ доранд, заминаҳои устувори нав пайдо  мекунанд.  Бо  имзои  ин  эъломия,  имкони  сафари озоди  хешовандон,  табодули  таҷриба,  барқарории ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бештар мешавад.

Хатлон  яке  аз  минтақаҳои  калидии  кишоварзӣ  ва саноатии  Тоҷикистон  буда,  дорои  потенсиали  васеи содирот  ба  бозорҳои  ҳамсоя  мебошад.  Дар  шароити муносибатҳои  нави  дӯстона  бозорҳои  Ӯзбекистон  ва Қирғизистон  ба  маҳсулоти  хӯрокворӣ, меваю  сабзавот,  нахи  пахта  ва  дигар маҳсулоти Хатлон боз мешаванд.

Ин  имкон  медиҳад,  ки  соҳибкорони маҳаллӣ  лоиҳаҳои  муштаракро  бо ширкатҳои  хориҷӣ  амалӣ  намоянд, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд ва сатҳи зиндагии  мардум  боло  равад.  Дар  шароити  эътимоди  сиёсӣ  ва  ҳавасмандии иқтисодӣ, ноҳияҳои марзӣ, чун Шаҳритус, Қубодиён,  Панҷ  ва  Фархор  метавонанд ба марказҳои нави ҳамкории фаромарзӣ табдил ёбанд.

Ҳар вақте ки дӯстӣ афзун мегардад, муҳити  иҷтимоӣ  низ  оромтар  мешавад. 

Эъломияи  дӯстии  абадӣ  ба  сокинони Хатлон  имконият  фароҳам  меорад,  ки бо ҳамсоягони ӯзбеку қирғиз дар шароити муътадил ва бидуни монеаҳо муноси-бати дӯстона дошта бошанд. Баргузории чорабиниҳои  муштараки  фарҳангиву адабӣ, табодули хонандагону донишҷӯён ва эҳёи анъанаҳои муштарак фазои ягонаи фарҳангиро густариш медиҳад.

Махсусан,  донишгоҳҳои  ҳудуди  вилояти Хатлон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав, 
Донишкадаи  энергетикии  Тоҷикистон, Донишгоҳи  давлатии  Кӯлоб  ба  номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии Данғара  метавонанд  бо  марказҳои  илмии Қирғизистону Ӯзбекистон робитаҳои нав барқарор намуда, барномаҳои илмӣ ва  таҳқиқотии  муштаракро  роҳандозӣ намоянд.

Имзои Эъломияи дӯстии абадӣ танҳо як рӯйдоди сиёсӣ нест, он барои мардуми оддии вилояти Хатлон ҳамчун қадами бузурги  таърихӣ  ба  сӯйи  осоиштагӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамдилии фарҳангӣ арзёбӣ мешавад. Сокинони вилояти сарсабз ва меҳнатқарини мо, ки дар канори дӯстӣ ва ҳамзистии миллатҳо садсолаҳо зиндагӣ доштанд, имрӯз бо рӯҳбаландӣ ба дурнамои равшан менигаранд.

Мардуми Хатлон ба натиҷаҳои Эъломияи дӯстии абадӣ эътимоди комил до-ранд. Ин иқдоми таърихӣ бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  сурат  гирифта, дар таъмини сулҳу субот, рушди иҷтимоию  иқтисодӣ  ва  тақвияти  дӯстии халқҳо саҳми арзанда мегузорад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод, дӯстӣ ва эътимоди байни кишварҳо на фақат шарти ҳамзистӣ, балки омили пешрафт ва амнияти ҳар як фарди оддӣ мебошад.  Хатлонзамин,  ки  сарзамини меҳнат,  дӯстӣ  ва  ҳамзистии  фарҳангҳо буда,  манфиатбари  бузурги  ин  раванд аст,  дар  сафи  пеши  пуштибонӣ  аз  сиёсати сулҳофарини давлат қарор дорад.

Имзои  Эъломияи  дӯстии  абадӣ  на танҳо  иқдоми  рамзӣ,  балки  як  амали воқеии  сиёсатмадорона  бо  дурнамои стратегӣ мебошад. Он ҳамчун як санади сиёсӣ,  дорои  аҳамияти  сарнавиштсоз барои  суботи  сиёсӣ,  рушди  иқтисодӣ, ризоияти  иҷтимоӣ  ва  ҳамгароии фарҳангии  миллатҳои  Тоҷикистон, Ӯзбекистон  ва  Қирғизистон  мебошад. 

Таърих ва наслҳои оянда ба ин тасмим баҳои баланд хоҳанд дод, зеро дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ  бузургтарин  сармояи инсонӣ дар ҷаҳони муосир аст.


Анзурат АбДУСАЛОМЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода