Ҷаҳонгир: «Орзуи сарбоз шуданро доштам»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 39
![]()
Имрӯз баъзе ҷавонон аз иҷрои қарзи муқаддаси худ – хизмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд, аммо қисмати зиёди ҷавононе ҳастанд, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд. Яке аз чунин ҷавонони бонангу номус Ҷаҳонгир Амируллозода, сокини ноҳияи Балҷувон, мебошад.
Ба гуфтаи волидайни Ҷаҳонгир, ӯ аз овони кӯдакӣ орзуи хизмат дар сафи Артишро дошт ва ҳамеша бо ифтихор аз қаҳрамониҳои насли гузашта ёд мекард. Ӯ бар он бовар аст, ки ҳар як ҷавон бояд ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастиро дар амал собит намояд.
Ҷаҳонгир Амируллозода дар суҳбат бо мо афзуд, ки дар наврасӣ бисёр ҷавонони деҳаамонро медидам, ки либоси ҳарбӣ дар танашон медурахшид. Аз ҳамон лаҳза мехостам чунин либосро ба бар намояму барои ҳифзи марзу буми ватани хеш омода бошам. «Ман фикр мекунам, ки ҳар як ҷавони ватандӯст бояд бо иродаи матин, устуворӣ ва қавиирордагӣ барои муҳофизати ватан омода бошад. Зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард мебошад. Агар ин ватанро мо ҳимоя накунем, ягон бегона омада ватани моро ҳимоя намекунад», - иброз дошт Ҷаҳонгир.
Дар вақти суҳбат модари Ҷаҳонгир ба мо ҳамроҳ шуда гуфт: “Ҳар як модар бояд бе дудилагӣ фарзандашро барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳидоят намуда, аз хизмати онҳо ифтихор намояд. Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини ин кишвар вобастагии калон дорад”.
- Вақте ки дар донишгоҳ таҳсил менамудам, аз забони устодон садоқат ба ватан ва дӯст доштани ватанро фаҳмидам, боз ин орзуи кӯдакӣ авҷ гирифт ва тасмим гирифтам, ки дар даъвати баҳорӣ ба хизмат меравам ва орзуи кудакиамро бароварда мекунам. Агар имкон шавад, ҳамчун сарбоз ба кор даромада ба халқу ватанам хизмат мекунам. Ман дарк мекунам, ки субот ва амнияти кишвари мо осон ба даст наомадааст. Ҳар қатраи хуни рехтаи фарзандони шуҷоъ дар роҳи истиқлол ва озодӣ барои мо сабақи бузург аст. Аз ҳамин хотир, ман омодаам, ки хизмати ҳарбиро бо ифтихор анҷом диҳам, - бо ифтихор мегӯяд ӯ.
Ин иқдоми ҷавони балҷувонӣ нишон медиҳад, ки рӯҳи ватандӯстӣ дар қалби ҷавонони мо зинда аст. То вақте чунин фарзандон дорем, Тоҷикистони маҳбубамон устувор хоҳад монд.
Алишери Абдулмаҷид,
«Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...