Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Содироти маҳсулоти саноатӣ аз Ёвон бештар шудааст


Содироти маҳсулоти саноатӣ аз Ёвон бештар шудааст


Давоми соли ҷорӣ аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон ба миқдори 124 ҳазору 626 тонна ва аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 56 ҳазору 290 тонна семент ба хориҷи кишвар содирот гардидааст.

Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, маблағи умумии сементи содиротшуда 78 миллиону 743,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вобаста ба вусъат додани содироти маҳсулоти истеҳсолӣ, дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои таҳпӯши кӯдакона ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад. Теъдоди корхонаи саноатии мавҷуда дар ноҳияи Ёвон ба 44 адад мерасад, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 25 адади он фаъолият доштанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода