Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Омӯзиши таҷрибаи «Хатлон»


Омӯзиши таҷрибаи «Хатлон»




Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби мутахассисони рӯзномаи «Хатлон» семинари омӯзишӣ тайи ду рӯз дар мавзуи «асосҳои дизайни нашриявӣ ва истифодаи аксу тасвирҳо дар рӯзнома» доир гардид.

Дар семинари мазкур муовини котиби масъули рӯзномаи “Хатлон” Т. Толибзода, саҳифабанди нашрия Д. Ибодуллозода, хабарнигор Ҷ. Қиёмиддин ва сармуҳаррирону саҳифабандони нашрияҳои шаҳриву ноҳиявии минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.

Дар рафти семинар кормандони рӯзномаи вилоятии «Хатлон» таҷрибаи худро доир ба саҳифабандии рӯзнома, истифода аксҳову тасвир, омода намудани матлаб ва дигар асосҳои дизайн омӯзиш доир намуданд.

Семинари омӯзишӣ аз се бахш иборат буда, чунин семинар дар аввали моҳи апрел бо сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллии минтақаи Бохтар низ доир гардида буд.

А. Алишер,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода