Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо сафири Туркманистон


Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо сафири Туркманистон



Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад дидору мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ба муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид шуда, қайд гардид, ки ин ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ сол аз сол вусъат меёбанд.

Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Ҳукумати Туркманистон барои бунёди мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ изҳори сипос мекунад.

Бояд зикр намуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 540 ҷойи нишаст дар деҳаи Ғаллаободи Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл”-и ноҳияи Дӯстӣ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Туркманистон сохта мешавад.

Кочмурадов Аймурад зимни мулоқот иброз дошт, ки айни ҳол 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст ва то ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар вилояти Хатлон беш аз 18 ҳазор туркман ба сар мебаранд ва дар ин вилоят 6 мактаби туркманӣ-тоҷикӣ фаъолият мекунад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар идома баён дошт, ки халқҳои тоҷику туркман таҷрибаи дӯсти ҳазорсолаҳо дошта, дар муҳити хештаншиносӣ бо ҳам зиндагӣ мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Туркманистон хуб буда, асосан воситаи нақлиёт, сӯзишворӣ ва карбамид ворид мегарданд. 

Пас аз мулоқот сафир аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 огоҳ гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода