Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ду иштирокчии ҷанг аз Бохтар


Ду иштирокчии ҷанг аз Бохтар




Аз ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар Германияи фашистӣ 79 сол гузашт. Вайронаҳо обод шуданд, гуруснаҳо сер гаштанд, мушкилиҳо бартараф гардиданд, нобасомониҳо ҳалли худро ёфтанд, аммо, ҳанӯз ҳам, хотираҳои он дар ҷанговарони даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

Тибқи маълумот, то моҳи майи соли 2024 дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 иштирокчии ҷанг дар қайди ҳаётанд, ки 10 нафараш дар дохили кишвар ҳастанд. Аз ин шумора ду нафар - Сафаралӣ Файзалиев ва Зайнулло Алиев дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунанд, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба дидорбиниашон рафтем.



Сафаралӣ Файзалиев 9 майи соли 1923 дар деҳаи Хосами ноҳияи Балҷувон чашм ба олами ҳастӣ кушода, солҳои 1938-1941 дар Кумитаи мададгори мудофиаи ҳарбӣ таҳсил мекунад.

Чун Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз мешавад, ӯро низ дар қатори дигар ҷавонони далеру ғаюри Ватан дар синни 18-солагӣ (соли 1941) ба сафи Артиши Шуравӣ даъват мекунанд. Хизматро дар полки байрақи Сурхдори 229, ки ба ҳайати фронти Украина шомил буд, оғоз намуда, дар амалиётҳои ҳарбӣ ва озодкунии шаҳрҳои Курск, Воронеж, Киев ва ғайра иштирок мекунад. Зимни муҳорибаҳои ҷангӣ, аз худ шуҷоату далерӣ нишон дода, ду маротиба захм мебардорад.

Ӯ то охирин лаҳзаҳои ҷанг истодагарӣ намуда, баъди ғалаба ба даст овардан ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм ба Ватан бармегардад.

Бобои Сафаралӣ барои шуҷоату далерӣ ва хизматҳои ҷангиаш бо 12 ордену медали ҷангӣ қадрдонӣ шудааст. Ордени “Ҷанги ватанӣ” дараҷаи дуюм, медалҳои “Барои меҳнати шоён”, бахшида ба “25-солагии Ғалаба”, медали “Жуков” ва дигар мукофотҳо намунаи дастовардҳои ӯ мебошад.

Дигар иштирокчие, ки имрӯз дар шаҳри Бохтар даврони пирӣ меронад, Зайнулло Алиев мебошад. Ӯ 12 ноябри соли 1920 дар ноҳияи Кангурт (имрӯза Темурмалик) таваллуд шудааст. Баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, дар ҳайати фронтҳои Ленинград ва Белорусия меҷангад ва дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия, Руминия иштирок мекунад.




Рӯзгору корнамоиҳои ҷангию меҳнатии бобои Зайнулло ба ҳайси иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли наврас ва ҷавонони даврони кунунӣ мактаби бузурги омӯзиши ҷасурию мардонагӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, бо гузашти солҳо бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки фарзандони шуҷоу далери тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо китф ба китф гузошта, барои ҳимояи Ватан камари ҳиммат бастанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар фашизм саҳми босазои худро гузоштанд.

Ҷ. ҚИЁМИДДИН,
Ш. ХОЛОВА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода