Хатлониён – Қаҳрамонони иттиҳоди Шуравӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 342
Тавре ки аз осори нашршудаи муҳаққиқони таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум аст, 64 нафар аз Тоҷикистон барои корнамоиҳои ҷангӣ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардида, 21 нафар дорандагони ордени «Шараф», дараҷаҳои I, II, III гардидаанд.
Ҳамин тариқ, қариб дар ҳамаи набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони Хатлон буданд ва онҳо бо душман далерона ҷангида, қаҳрамонӣ нишон доданд. 23 Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ ва 4 дорандаи пурраи дараҷаҳои ордени «Шараф» сокинони вилояти Хатлон буданд.
Дар дафтари қаҳрамонии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳимояи қалъаи Брест бо саҳифаи дурахшон ворид шудааст. Дар байни онҳое, ки дар соатҳои аввали ҷанг дар қалъаи Брест мубориза намуданд, сарбозон И.В. Гончаров аз шаҳри Душанбе ва А. Атоев аз шаҳри Кӯлоб буданд.
Неъмат Қарабоев, ки то ҷанг дар ноҳияи Ворошиловбод (ҳоло ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба ҳайси ҳисобдор кор мекард, соли 1939 ба сафи Артиши Сурх даъват шуд. Вай дар мубориза бо финҳои сафед иштирок кард ва аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ байни ҷанговарони тоҷик ва тамоми Осиёи Миёна ба шумор меравад.
Аз ҷанговарони хатлонӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Протопопов И.И. дар озод кардани қалъаи Брест дар соли 1944 иштирок кардааст.
Ҷанги Смоленск дар вазъияти шадид ва пуршиддати ҷангӣ баргузор шуд.
Фашистон бо садҳо танкҳо ба ҳамла гузаштанд. Дар рӯйхати қурбоншудагон дар ин ҷанг Абдуллоев Рустам аз Кӯлоб, Абдуллоев Кузовар аз Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), Абдурашитов Давлат аз Ворошилобод (ҳозира Ҷ. Балхӣ), Афғонов Бобохон аз Муъминобод, Авдиев Рузимат аз Шаҳритус, Авраймов Изатуло ва Алимов Маматқул аз Данғара, Алиев Бекмурод, Давлат Гадоев аз Балҷувон, Алиев Турсун аз Ёвон, Аллаев Парда аз Қубодиён (собиқ Микоянобод), Аннаев Абдукарим аз Шурообод (ҳозира Ш. Шоҳин), Ортиқов Ашӯр аз ноҳияи Кӯшониён (собиқ н. Октябр), Асламов Сафар аз Сарихосор, Асоев Баҳовиддин, Абдуллоев Ҷумъа аз Ховалинг, Атоев Уктам аз Фархор, ва дигарон буданд.
Дар озод кардани шаҳри Киев фиристодагони Хатлон фаъолона иштирок карда, дар ҷангҳо истодагарӣ ва ҷасорат нишон доданд. Маҳз дар ин ҷо барои ҷасорат яке аз фиристодагони Хатлон Мнишенко М.Я. ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардид. Ҳамчунин, ҷанговарони хатлонӣ Абдураҳмонов Абдулло аз Фархор, Амиров Абдулло аз Сарихосор, Амиров Раҷаб аз ноҳияи Темурмалик, Орипов Саймурод аз Кӯлоб, Асомудинов Муҳиддин аз Данғара, Атоев Файзулло аз ноҳияи Ёвон қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
69 рӯзи мудофиаи қаҳрамононаи Одесса ҳамчун яке аз саҳифаҳои дурахшони муборизаи халқи шуравӣ барои озодӣ ва истиқлоли Ватани худ ба аърих ворид шуд. Бояд қайд кард, ки дар ин мудофиа ҷанговарони Хатлон Аминов Шариф, Норватаев Турмад аз Фархор, Садников Я.А. аз ноҳияи Панҷ, Кравченко С.С. ва Томилин А.Н. аз Шаҳритус, Қодиров Ҳабибуло аз Данғара, Тағоев Бостон ва Файзов X. аз ноҳияи Темурмалик ва дигарон иштирок намуда, қаҳрамониҳо нишон доданд.
Дар мудофиаи Севастопол низ ҷанговарони Хатлон - Болтаев Сангин аз шаҳри Бохтар, Исломов Абдулло аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Қараев Қарахон аз ноҳияи Темурмалик, Мингалиев Назирқул аз ноҳияи Панҷ, Мирзоалиев Раҳмон аз Сарихосор, Мирзоев Ибод ва дигарон истодагарӣ кардаанд.
Дар мудофиаи Ленинград ҷанговарони хатлонӣ Абдуллоев Аъзам ва Абдуллоев Султон аз Бохтар, Абдуллоев Бурӣ, Аҳмадов Мурод ва Алиев Турдӣ аз Темурмалик, Анақулов Борон аз Данғара, Аҳтамов Ҳасан аз Дӯстӣ, Бобоев Шодиёр аз Кангурт, Боев Ҳаймурзо аз Абдураҳмони Ҷомӣ, Баҳромов Додо аз Муминобод, Валиев Воҳид аз Ховалинг, Ҳалимов Умар аз Ёвон, Гулов Гадойбек аз Балҷувон, Наҷмудинов Воҳид аз Сарихосор, Салимов Розиқ, Абдураҳмонов Ҳасан аз Кӯлоб ва дигарон иштирок намуда, қаҳрамониҳо нишон доданд.
Дар тирамоҳи соли 1941 гитлерчиён ҳамларо ба шаҳри Маскав ҳамчун амалиёти ниҳоии тамоми маъракаи зидди Русия омода мекарданд. Ҷанговарони хатлонӣ дар ин ҷанг ҷасорату қаҳрамонӣ нишон доданд, монанди Абдураҳмонов Хоҷа, Абдураҳмонов Садот Кишмидиянов Фатҳӣ аз Кӯлоб, Давлатов Шариф аз Фархор, Каримов Солеҳ аз Даштиҷум ва дигарон.
Дар соҳилҳои дарёи бузурги Волга ҷанговарони хатлонӣ Азизов Акрамҷон аз Ҷайҳун, Алихонов Восеъ аз Бохтар, Давлатов Маҳмадулло аз Шаҳритус, Нуралиев А. аз Сарихосор, Дякин А.В. ва дорандаи ду дараҷаи ордени «Шараф» Ғаюр Сафаров аз Данғара ҷасурона ҷангидаанд.
Беш аз якуним моҳ коммунист М.Саидов аз Кӯлоб дар ҷангҳои Сталинград иштирок кард. Дар ҷанги Волга ҷанговарон ва фармондеҳони дивизияи 61-уми кавалерии дар Тоҷикистон ташкилшуда иштирок карданд. Дар давраи аз 19 ноябри соли 1942 то шикасти фашистон 2 феврали соли 1943 дивизия дар минтақаи ҷанг буд. Дар байни ҷоизадорон сержанти калон К.Калаган аз Кӯлоб, сержант В. Табаров ва сержанти калон К. Камаров аз шаҳри Бохтар, сержант И. Якменко аз ноҳия Дӯстӣ, В. Комтенко аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон буданд. Дар мудофиаи Қафқози Шимолӣ ҷанговарони хатлонӣ Хушбахтов Амон аз ноҳияи Темурмалик, Сафаров Тағай аз Балҷувон, Алихонов Амон аз ноҳияи Данғара иштирок карданд.
Писари машҳури халқи тоҷик, қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Амиршоев Сафар пеш аз ҷанг дар колхози «Меҳнат»-и шаҳри Кӯлоб кор мекард. Полки 213-уми гвардия, ки дар он С.Амиршоев хизмат мекард, дар озод кардани замини Смоленск ва шаҳри Смоленск аз ишғолгарони фашистӣ бомуваффақият иштирок кард.
Гвардиячиёни артиллерӣ маҷбур шуданд, ки дар минтақаи шимолу ғарбии шаҳри Жижмарайи Литва бо танкҳои душман бидуни омодагӣ ба ҷанг дароянд.
Ба аслиҳаи ҷангӣ С. Амиршоев оташи шадид фурӯ рехт, хокистар ва дуди зарбаҳо аз болои тамоми мавқеи оташи батарея боло рафт. Дар атрофи силоҳи С. Амиршоев якчанд снаряд таркид. Маҳмудов, Фозилов, Бобоев ва дигар ҷанговарон низ ярадор гардиданд
Худи фармондеҳ С. Амиршоев захмӣ шуд. Вай боқимондаи қувваҳояшро ҷамъ карда, дар назди гаубитсаи осебдида истода, 2 танки дигарро шикаст дод. Дар ин ҷанг полк 20 танки вазнин ва 12 бронетранспортерро нобуд кард. Пас аз ҷанг ҳамяроқон С.Амиршоевро дар назди силоҳи худ мурда пайдо карданд.
Бо фармони Раёсати Шурои Олии ИҶШС барои қаҳрамонӣ ва ҷасорати шахсӣ ба Қурбонов Аҳмадҷон ва Саидбеков Амиралӣ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шуд.
Дар арафаи ҷанг дар соли 1941 Эргаш Шарипов директори МТС Кировобод таъйин карда шуд. Аз моҳи январи соли 1942 Э. Шарипов дар сафи Артиши Сурх буд ва пас аз хатми мактаби артиллерии Красноярск аз моҳи июли соли 1943 дар фронт буд. Писари шуҳратманди халқи тоҷик бо шарафи ҳарбӣ дар замини Чехословакия дар шаҳри Угерск - Брод дафн карда шуд.
Аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Хатлон 24882 нафар кушта шуданд. Онҳо 13752 нафарашон аз вилояти Қурғонтеппа ва 11130 нафар аз вилояти Кӯлоб мебошанд.
Давлаталӣ Алимов,
профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав,
Садбарги Исо,
унвонҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...