Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифшои боз як ҷинояти қаллобӣ


Ифшои боз як ҷинояти қаллобӣ




Тафтишот ва корҳои оперативии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ҳодисаҳои гуногуни ҷиноятиро ошкор намуда, барои пеши роҳи онҳоро гирифтан, чораҳои зарурӣ меандешанд. Аммо бархеҳо дидаву дониста фаъолияти ғайриқонунии худро, ки ба манфиати худашон истифода мешавад, авло ҳисобида даст ба ҷиноят мезананд.

 Таври аз прокуратураи вилояти Хатлон ба рӯзнома хабар доданд, ки яке аз чунин шахсон Рустамзода Суҳроб Рустам (ному насаби пешинааш Маҳмадиев Суҳроб Рустамович), санаи таваллудаш 5 декабри соли 1987, сокини ноҳияи Вахш, Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”, деҳаи Дӯстӣ, хонаи №48, бо тахаллуси «Шайх» буда, бо гумони даст доштан дар ҷинояти вазнин, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ тасарруф намудани маблағии пулии сокинон дастгир шудааст. 

- Гумонбар бо баҳонаи ба маблағи муайяни пулӣ ҳал кардани масъалаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шаҳрвандон ба воситаи шиносҳояш, ки гӯё дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, маблағи калони калони пулӣ талаб намудааст. Ӯ аз аввали соли 2021 аз хешовандони як айбдоршаванда, ки нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ шудаааст ва дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад, 60000 (шаст ҳазор) сомонӣ ва моҳи марти соли 2024-ум 20000 сомонӣ, дар маҷмуъ 80000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ гирифта, ба онҳо ваъда додааст, ки дар муҳлати кутоҳтарин хешовандашон – айбдоршавандаро бидуни барқарор кардани маблағи зарар аз тавқифгоҳи тафтишотӣ аз ҳабс озод ва парвандаи ҷиноятиашро қатъ мекунад, - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Аммо гумонбар Рустамзода С. Р. дар ин хусус ягон амалро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст, ки дар натиҷа ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Гуфта мешаад, ки барои муайян намудани ҷинояти мазкур 3 майи соли 2024 аз ҷониби шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Рустамзода С. Р. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, худи ҳамон рӯз номбурда дастгир ва нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудааст.

Ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии номбурда, маблағи пулӣ дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ дарёфт карда шуда, он ҳамчун далели шайъӣ эътироф карда шудааст.

Бояд изҳор дошт, ки нисбати гумонбар Рутамзода С. Р. пештар низ парвандаи ҷиноятӣ дар асоси моддаи 3381 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз гардидааст, аммо аз он хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба ҷиноят задааст.

Аз сокинони вилояти Хатлон ва тамоми ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар мавриди ҷой доштани чунин ҳолатҳо ва дигар кирдорҳои ғайриқонунии Рустамзода С. Р. ба шуъбаи тафтиши парвандаҳои  махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон муроҷиат намоянд. (телефонњо барои тамос: 83222-2-52-67, 2-36-95, 2-78-33, 985066999)

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода