Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баррасии масъалаи ҳифзи техникии иттилооти дастрасиаш маҳдуд


Баррасии масъалаи ҳифзи техникии иттилооти дастрасиаш маҳдуд




Дар маҷлисгоҳи Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ бо иштироки роҳбарияти ин ниҳод ва сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ ҳамоиш доир гардид.

Нишастро Муродалӣ Исозода, сардори Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилоят, ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилию инфрасохторӣ, кадрӣ ва техникии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таҳким ва баҳри пешбурди фаъолият шароитҳои созгор фароҳам оварда шудаанд.

Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири нашрияи “Ваҳдатсаро” Амиршо Раҳимов, сармуҳаррири рӯзномаи “Новий Хатлон” Зулайхо Ғоибова, сармуҳаррири нашрияи “Дӯстлик” Абдурашид Мусозода, шоир Саидҷаъфар Баёзӣ ва дигарон доир ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва аҳамияти тақвияти ҳамкориҳо сухан гуфтанд.

Қайд гардид, ки рушди босуръати илму техника, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷомеа, истифодаи васеи технологияи муосир дар фаъолияти аксар соҳаҳои муҳими давлатӣ таваҷҷуҳи бештарро талаб намуда, тадбирҳо дар самти рушди ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва маҷмуи чорабиниҳои дигар тақозо менамоянд, ки мушкилоти ҳифзи техникии иттилооти дастрасиаш маҳдуд ба таври пайваста баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он пайдо гардад.

- Дар самти рушду такмил ва танзими ин масъалаҳои муҳим Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилоят пайваста тадбирҳои судманд меандешад, - зикр намуд Н. Маъмурзода. - Ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон оид ба пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО аз ҷумлаи чунин иқдомоти қобили таваҷҷуҳ ва пураҳамият мебошад.

Дар рафти нишаст иттилоъ дода шуд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди доираи васеи салоҳият ва ҳуқуқу озодиҳо барои воситаҳои ахбори омма, инчунин масъулияти мушаххасро барои мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ будани маводи чопшуда, махсусан пешгирии ифшои иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар онҳо пешбинӣ намудааст, ки албатта, аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт сарчашма мегирад.

Таъкид гардид, ки тақвият бахшидан ба робитаи байни Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо масъулини матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят барои мақсаднок амалӣ намудани фаъолият муҳим мебошад.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода