Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Поси нону намак


Поси нону намак




Боре Файзалӣ Шарифзода, марди бофарҳанге аз деҳаи Дектури ноҳияи Балҷувон, ин қисаро нақл карда буд. Ин қиссаро бобои Абдураҳмон ба ӯ нақл кардааст.

«Ман зодаи як деҳаи ноҳияи Шурообод (ҳозира Ш. Шоҳин) ҳастам. Соли 1939 дар мактаби деҳаамон як нафари бегона ҳамчун муаллим ба кор даромад. Ҷавони қаду қоматаш расо, чеҳракушода, сафедпӯст ва хушодобу дидадаро номаш Оқил.

Ӯ аз ман тақрибан даҳдувоздаҳ сол калон буд. Дар ҳамон замон шонздаҳсола будаму дар колхоз кор мекардам.

Муаллими Оқил бо накукориву дар байни мардуми деҳа соҳибэҳтиром гардид. Некию кумакаш ба мардуми деҳа мерасид. Муддати ду соле, ки дар деҳаи мо зиндагӣ кард, дар ҳашарҳои лойи андоваи болои бом, лойдевор ва ҳатто шиғбандии мардум иштирок мекард.

Ҳунарманд ҳам буд, ҳатто дар бисёр хонаҳо барои кадбонуҳо танӯр ҳам сохта медод. Занону мардони деҳа ӯро ҳамчун фарзанди худ эҳтиром мекарданд.

Борҳо ба ӯ даъват карда буданд, ки ягон духтарро аз ҳамин деҳа ба занӣ бигир, ҳама харҷи тӯятро мардуми деҳа ба дӯш мегирад, вале ӯ қабул намекард. Аввалҳо ҳамроҳи посбони бинои мактаб дар қаровулхона хоб мекард ва баъд ӯро муаллими Сабур ба хонааш бурда, барояш ҳуҷрае ҷудо карду дар хонаи ӯ истод. Оқил то аввали соли 1941 дар деҳаи мо зиндагӣ кард. Баъд аз таътили моҳи январи соли 1941 якбора аз деҳа ғайб зад. Аз ӯ ягон хабаре пайдо карда натавонистем.

Тобистони соли 1941 ҷанг сар шуд. Мардум ба мушкилоту мусибатҳои вазнин дучору гирифтор шуд. Оҳиста-оҳиста муаллими Оқил аз хотирҳо фаромӯш мешуд.

Ман ҳам баҳори соли 1942 ба ҷанг рафтам. Як моҳ дар Сталинобод машқҳои ҳарбӣ гузаронидем ва баъд ба фронт рафтем.

Баъди чор рӯзи сафар бо қатора дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани ҳудуди Россия моро ба қисмҳои ҳарбӣ фиристоданд. Мо бист нафар наваскарро тавассути мошине ба як қисми ҳарбӣ бурданд, ки дар ҳудуди Украина бар зидди фашистон меҷангид.

Дар дивизияи мо намояндагони тамоми миллатҳои СССР буданд ва мо ҳама чун аъзоёни як оила будем. Чор взводи ротаи мо шабона ба ҳуҷуми пинҳонӣ гузаштанд. Дар шаш-ҳафт километри қисмати ғарбии мо фашистон қарор доштанд. Мо шаб ба ҳуҷум гузаштем. Даштҳои беканори Украина. Немисҳо аз нақшаи мо бохабар будаанд, ки дар байни дашти калон қарор доштанамон бо қувваҳои ҳавоӣ ба мо ҳуҷум карданд. Аксарият кушта шуд ва ман аз китфи чап захм бардоштам. То саҳар бо азобе зинда мондам. Маро ба госпитали сайёри ҳарбӣ бурданд, ки тақрибан даҳ километр дур буд. Муддати як моҳ табобат гирифта, ба қисми ҳарбии худ баргаштам. Мо пеш мерафтему душман ақибнишинӣ мекард. Набарди дуюме, ки ман иштирок доштам, дар ҷангал сурат гирифт. 

Аз ду тараф нафарони зиёде кушта шуд ва шукр, ки ман саломат мондам. Дар набарди сеюми мо бояд як деҳаро озод мекардем. Қувваи мо кам буду ба ақибнишинӣ фармон доданд. Чӣ қадар тавонистанд ақибнишинӣ карданд, намедонам, аммо 15 нафари моро немисҳо асир гирифтанд. Ба ҷониби ҳудудҳои ишғолкардаи худ бурданд ва моро ба гурӯҳи калони асирон ҳамроҳ намуданд. Ман ҳамагӣ се ҳафта дар асорат будам, вале он баробари солҳо буд. Мо асиронро либосҳои якранг пӯшонда буданд. Мо асирон тақрибан сесад нафар будем. Азоби сангину вазнин доштем.

Фашистҳо моро пеш-пеши автомат кор мефармуданд ва азоб медоданд. Ҳар рӯз се маротиба хӯрок медоданд, хӯроки кам, бемазза ва камғизо. Ва ҳар рӯз як маротиба, пеш аз таоми нисфирӯзӣ, шаш-ҳафт аскаре ба хобгоҳи мо асирон даромада, моро қатор мекарданду аз байнамон 10-12 нафарро ҷудо карда мебурданд ва дигар онҳо барнамегаштанд. Аниқ, ки онҳоро мекуштанд. Аксари нафаронеро, ки ҷудо мекарданд, тарсону ларзон ва гирён мешуданду бо мо аскарони советӣ хайрухуш карда, алвидоъ мегуфтанд. Як нисфирӯзӣ аскари немис даромаду ба қатор шудан моро амр кард. Саф оростем.

Аз байни асирон андаке ба ман нигаристу ишора кард, ки пеш бароям. Вуҷудамро тарсу даҳшат фаро гирифт, пеш баромадам. Ӯ ишора кард, ки аз қафояш равам ва ман бо нигоҳи пур аз ғам гашта ба ҳамроҳонам нигаристаму аз қафои ӯ рафтам. Мо аз хобгоҳ баромадем, дар берун афсарони зиёди немис буд. Ӯ аз қафоям истод, нӯги автоматро дар пуштам гузошт ва ишора кард, ки роҳ гардам.

Маро пеш-пеши яроқ мебурд ва ба самти чап ё рост гаштан зарур мебуд, бо нӯги автомат маро роҳ нишон медод. Якчанд иморат буд дар он ҷо. Дар як иморате даромадем. Дар назди даре ишора кард, ки истам. Дарро кушод ва бо нӯги яроқ маро тела дода, ба ҳуҷра даровард. Ман даромадам ва ӯ ҳам. Як ҳуҷраи кории афсари немис буд. Ду миз ва дар атрофашон курсиҳои зиёд буд. Як афсари дигари немис дар назди тиреза пушташ сӯйи мо ва рӯяш ҷониби тиреза меистод.

Бо даромадани мо ҳам ҳолаташро тағйир надод ва ҳамонгуна аз тиреза ба берун менигарист. Афсаре, ки маро оварда буд, ба забони немисӣ чизе ба ӯ гуфт. Афсари дар ҳуҷраи корибуда бо оҳанги супориш чизе ба ӯ гуфт ва ин афсар бо оҳанги итоат ҷавоб дода, аз дар баромада, дарро пӯшиду овози қадаммонияш шунида шуд, ки рафт.

(Идома дорад)
Муҳаммади ШОҲ, ноҳияи Балҷувон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода