Онҳо барои Ватан ҷангидаанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 247
Мирзо Ғафуров. 20-уми майи соли 1926 дар деҳаи Боғаки ҷамоати «Қосабулоқ»-и ноҳияи собиқ Даҳанакиик (ҳозира Хуросон) ба дунё омадааст. Аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур моҳи декабри соли 1944 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, машқи чилрӯзаи тайёрии ҳарбӣ меомӯзад ва моҳи январи соли 1945 ба хизмати Ватан-модар фиристода мешавад. То моҳи июли соли 1950 дар кишварҳои Руминия ва Германия садоқатмандона хизмат намуда, пас аз баргаштан ба зодгоҳаш, сараввал котиби кумитаи иҷроияи ҷамоати «Қосабулоқ» таъйин мешавад. Баъдан, дар вазифаҳои котиби кумитаи иҷроияи Шурои депутатҳои меҳнаткашони собиқ ноҳияи Даҳанакиик, мудири шуъбаи савдо, мудири шуъбаи маданият ва дигар вазифаҳо фаъолият кардааст. Бо чандин ордену медалҳо мукофонида шудааст.
Розиқ Қосимов. Иштирокчии ҷанги зидди Япония мебошад. 22 январи соли 1926 дар деҳаи Девонасӯи деҳшурои “Туратош”-и собиқ ноҳияи Ҳоит ба дунё омадааст. Дар зодгоҳ таҳсили илм гирифта, то саршавии ҷанг ба меҳнати саҳроӣ сару кор дошт. Ӯро соли 1945 ба сафи Артиши Шуравӣ сафарбар менамоянд. Ӯ дар ҳайати полки эҳтиётӣ, ки дар шаҳри Чкалов воқеъ буд, ба ҷанг тайёрӣ мебинад ва ғалабаро дар ҳамин полк пешвоз мегирад. Баъди ғалаба бар Япония, барои азнавбарқароркунии харобаҳои ҷанг хизмати ҳарбиашро давом медиҳад.
Моҳи августи соли 1948 аз хизмати ҳарбӣ озод мегардад. Баъди бозгашт, бо аҳли хонаводааш ба водии Вахш кӯчида, дар собиқ хоҷагии “Правда” ба сифати колхозчӣ то ба нафақа баромадан кор мекунад. Розиқ Қосимов чор духтару се писарро ба камол расонида, ҳоло дар иҳотаи наберагону аберагон умр ба сар мебарад.
Хумбахмад Хидиров. 10-уми январи соли 1924 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. 5-уми августи соли 1942 ба ҷанг рафта, дар қисми ҳарбии №68222, дивизияи 550, фронти Белорусия ҷангидааст. Барои корнамоиҳои ҷангиаш бо ордену медалҳои зиёде сарфароз гардонида шудааст. Солҳои баъдиҷангӣ дар ноҳияи Фархор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнат карда, сазовори обрӯю эҳтироми хосса гардидааст.
Яҳё Мирзоев. Соли 1925 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Соли 1942 ба хизмати Ватан рафт.
Баъди машқу тамринҳои баъдидаъватӣ дар ҳайати фронти 2-юми Украина зери роҳбарии фармондеҳ Рокосовский ҷангида, соли 1944 ба Ватан баргаштааст. Дар назди мардуми Ховалинг чун дигар фарзандони шуҷои Ватан обрӯю эътибори зиёдеро соҳиб аст.
Алҳол давлати пирӣ ронда, аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ шукургузор аст.
Гулмурод Тағоев. Соли 1924 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хизмати ҳарбиро аз Курск оғоз намуда, дар муҳорибаҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Чехословакия иштирок кардааст.
Барои корнамоиҳои ҷангӣ бо ордену медалҳои «Ғалаба бар Германия», «Барои шуҷоат», «Ситораи сурх», «Шараф» қадрдонӣ шудааст. Баъди бозгашт ба зодгоҳаш ба ҳайси назоратчӣ дар самтҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ фаъолият кардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи А. Ҷомӣ хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуда, ҳамчун пахтакори муваффақ ном баровард.
Рашид Раҷабов. Соли 1945 ба ҳимояи ватани маҳбуби худ аз дасти аду рафта, дар фронти Волховский таҳти сарфармондеҳии генерал Меретск ҷангро сар карда, дар озод намудани Латвия, Литва, Пруссияи Шарқӣ то Киннесберг ҷангидааст. Барои корнамоиҳояш бо ордени “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва 5 медал мукофонида шудааст.
Ҳамчун марди суханвар дар мунтазам бурдани корҳои ҳарбӣ- ватандӯстӣ байни ҷавонон фаъол мебошад. Колхозчии асил дар пешрафти корҳои кишоварзӣ саҳмгузор аст.
Айни ҳол дар деҳаи Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти ”Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун умр ба сар мебарад.
Ҳабиб Сафаров. 25-уми январи соли 1926 таваллуд шудааст. Соли 1943 ба муҳофизати Ватан зидди Германияи фашистӣ даъват шудааст. Дар округи ҳарбии Урали шаҳри Кунгур, полки тирандозии 226, таҳти сарфармондеҳии Маршал Табухин хизматро оғоз карда, дар озод намудани Руминия корнамоӣ нишон додааст ва бо як ордену 6 медал мукофонида шудааст. Баъди анҷоми ҷанг ба Ватан баргашта, ба меҳнати озод машғул мешавад.
Ҳамчун колхозчиву сардори бригада кор карда, корҳои ҳарбӣ-ватандӯстиро дар байни ҷавонон мунтазам мебарад.
Феълан дар деҳаи Навободи ҷамоати “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун зиндагӣ дорад.
Машраф Давлатов. Соли 1944 дар қатори дигар фиристодагони Тоҷикистон дар озод кардани халқи Венгрия саҳм гирифт. Баъд аз ғалаба ӯ хизмати аскариро дар Украина давом дод. Сипас, дар давоми солҳои хизмат муборизаро ба муқобили душманони ҳукумати Шуравӣ, ки дар он давра бо номи “Бандерачиён” маълум буданд, давом додааст. Ӯ дар маҳв сохтани дастаҳои Бандерачиён ва ошкор кардани манъбаҳои яроқи онҳо фаъолият нишон додааст. Машраф Давлатов баъди хизмати аскарӣ, соли 1949, ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар фаъолият карда, дар корҳои барқарорсозии оқибатҳои ҷанг, тарбияи ҷавонон саҳм гирифтааст.
Машраф Давлатов имрӯз давлати пирӣ меронад ва аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор аст. Бобои Машраф имрӯз 11 фарзанд ва зиёда аз 200 набераю абера дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...