«Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 315
Қабули нахустин ташаббуси байналмилалии Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид.
Варзиш, хусусан Футбол дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои солимгардонӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад.
Футбол як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд.
Бо назардошти ин, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аввалин бор 10 феврали соли 2024 пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад ва дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад.
Дар робита ба ин, рӯзи 7-уми майи 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футболро”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Ливия таҳия ва пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ҳамин тариқ ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нахустини Президенти Федератсияи Футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии футбол дар ҷаҳон бо иттифоқи оро пазируфт.
Ин қатънома дар асоси ташаббусу пешниҳодҳои кишварҳои узви СММ омода гардида, дар он аҳаммияти дар рӯҳияи сулҳ, тафоҳум, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бидуни табъиз баргузор намудани чорабиниҳои бузурги байналмилалии варзиширо, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид месозад.
Қатънома инчунин нақши бунёдии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва нақши муҳими федератсияҳои футболро дар сатҳҳои минтақавӣ ва миллӣ, инчунин ассотсиатсияҳои марбутаи онҳоро дар пешбурди бозии футбол баланд арзёбӣ менамояд.
Дар бахши амалиётии қатънома аз ҳамаи кишварҳои узв ҷиҳати дастгирии варзиш, аз ҷумла футбол, ки нақши он ҳамчун воситаи мусоидат барои таъмини сулҳ, рушд, тавонмандсозии занону духтарон ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин мусоидат ба фарогирии иҷтимоӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо назаррас аст, даъват ба амал оварда шудааст.
Инчунин, МУСММ қарор қабул кард, ки рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар ш. Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад.
Дар баробари ин, МУСММ аз ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, аъзои муассисаҳои махсусгардонидашуда ва нозирони Маҷмаи Умумӣ, инчунин ташкилотҳои низоми СММ, аз ҷумла Шӯъбаи рушди фарогири иҷтимоии Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Котиботи СММ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал меоварад, ки барои таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол мувофиқи афзалиятҳои миллии кишварҳо ва таблиғи манфиатҳои футбол барои ҳама, аз ҷумла тавассути баргузории чорабиниҳои таълимӣ ва иттилоотӣ чора андешанд.
Қабул гардидани санади мазкур бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ ҷиҳати оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонда, ба ташаббус ва иқдомҳои мо эътимоду боварии комил дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00