Дар як сатр
» » Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

27-01-2018, 17:56

Ба ҳамагон рӯшан мебошад, ки терроризм ва ифротгароӣ дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон торафт бештар доман афканда, боиси ташвишу изтироби ҷаҳониён гаштааст. Ба андешаи мо, дар дунё имрӯз ягон давлате нест, ки аз амалиёти даҳшатафзои террористу ифротгароён дар ташвишу таҳлука набошад. Зеро амалҳои хатарзои террористону ифротгароён иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар мамлакатро ба поён бурдаву ҳатто ба нестӣ мерасонад, боиси  марги садҳо одамони бегуноҳ мегардад.

 

Сарвари давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳама суханрониҳояшон, хусусан дар Паёми охиринашон таъкид месозанд, ки «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва  судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем.

Бо дарназардошти  воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати  пешгирӣ  аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва  дигар таҳдидҳои замони  муосир мо омодаем ҳамкориҳои  густурдаро бо созмонҳои  байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои сари қудрат омаданашон мардуми шарифи мамлакатро даъват менамуданд, ки роҳи ободгароиву  ватандӯстиро пеш бигиранд. Президенти мамлакат хусусан аз ҷавонони имрӯза умедҳои басо калон доранд. Беҳуда нест, ки аз ҷониби  Пешвои миллатамон соли 2017 Соли ҷавонон эълон шуда буд. Дар ин як сол аз ҷониби ҷавонони кишвар корҳои зиёди ободгароиву созандагӣ ва ташаббусҳои нав ба нави ватандӯстона ба миён омадаву ба сомон расонда шуда буд. Вале боиси афсӯс аст, ки дар байни ҷавонони мо низ ашхоси камандешу гумроҳзада кам нестанд. Чунончи, баъзе ҷавонон бинобар гумроҳиашон рафта дар задухӯрди бемаънии Сурия иштирок намуда, бисёрашон ҷони ҷавони худро бохтанд. Бадтар аз ин, чунин ҷавонон  боз бисёр ҳамсолони худро аз роҳи дуруст бароварда ба куштан медиҳанд. Дар натиҷа  бисёр оилаҳои ҷавон  бесаробон мемонанд. Баъзе ҷавонон ин кирдорҳои номатлуби худро бо номи «ҷиҳод»  паҳн мекунонанд, ки ин амал асло ҷиҳод нест. Ин қабил ҷавонон аз дини мубини ислом огаҳии комил надоранд. Аз ин ҷост, ки  ин дини муқаддасро ба манфиати худ ва ба корҳои зараровар истифода мебаранд.

Ҷанги бемаънии бародаркуши соли 1992-1993  имрӯз аз хотири ҳеҷ кас фаромӯш нашудааст. Бо дасисаи як гурӯҳ муллоёни мансабҷӯю вазифаталаб ҳазорон нафар одамони тамоман бегуноҳ қурбон гардиданд. Чӣ қадар бинову манзилҳои истиқоматии мардум ба коми оташ рафтанд. Аз ин нобасомониҳо  ахлоқи ҷомеа рӯз ба рӯз кос-та мегардид. Ин ҷанги бемаънӣ бароямон бояд ҳама умр дарси ибрат гардад. Ба бахти баланди тоҷикон  Худованд ба мо фарзанди фарзонаи миллатро тақдим намуд, ки аз қадамҳои нахустини фаъолияташ ба сарҷамъ намудани халқи  азияткашидаву парокандашуда кӯшиш кард. Ин кори саҳлу осон набуд. Вале азбаски худ дар дил меҳру муҳаббат ва рӯҳияи баланди ватандӯстиву халқпарварӣ дошт, бо сад душворӣ ҳам бошад, тадриҷан ба мақсад расид.

Имрӯз Тоҷикистони мо  як давлати обод, тинҷу осуда ва мутараққист. Вале бояд таъкид дошт, ки тарбияи заҳматкашон, чуноне, ки  Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, кори  яксолаву дусола набуда, бояд вазифаи  якумрии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Дар ҳамон сурат мо метавонем сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва бародархондагиро дар ватани худ ҷовидона устувор гардонем. Вазифаи мо он аст, ки аз тарбияи ҷавонон дар роҳи ободгароиву созандагӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ заррае фориғ набошем. Ҳамон вақт мо метавонем сулҳу дӯстиро дар ватани худ абадан мустаҳкам созем. Ин амалҳо, ба андешаи ман, вазифаи ҳар яки мост. Бояд ҳеҷ гоҳ ба гуфтаҳои душманони берунаамон фирефта нашавем. Ҳар яки мо бояд бидонем ва бо ақли худ дарк намоем, ки онҳо ҳеҷ гоҳ  моро ба роҳи дурусту ояндасоз раҳнамун намесозанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ақли расои худро истифода бурда, дар ободонии ватанамон бикӯшем.

Зебонисо Қурбонова,

омӯзгори ДДҚ ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Иқтисоду тиҷорат
85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҳуқуқу амният
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Симои ҷовидона

Симои ҷовидона

Чеҳранигорӣ
ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ