Дар як сатр
» » Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

16-01-2015, 16:27

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Имрӯз, 16 январ, дар толори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ҳамоиши вилоятӣ ба хотири шарҳу тафсири Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» барпо гардид, ки дар он беш аз 50 мураббӣ ва собиқадорони соҳаи варзиш ширкат варзиданд.

Ҳамоишро сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фариза Абдуллоева оғоз намуда, гуфт, ки имрӯз кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо бо тамоми ҳастӣ дарк намудаанд, ки рушду пешрафти кишвар, ҳамаи муваффақияту дастовардҳо ба шарофати истиқлолият - муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ - ба мо даст додааст.

- Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба инкишофи варзиш пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд, - зикр кард Ф. Абдуллоева. - Тайи чанд сол аст, ки «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015» қабул гардида мавриди амал қарор дорад, ки боз як эътибору ғамхорӣ нисбати варзиш ва варзишгарон мебошад.

Вохӯрии сарвари давлат бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 ба рушду нумӯи соҳаи варзиши кишварамон ва бахусус вилояти Хатлон шароити мусоидеро фароҳам овард ва дар ин замина аз тарафи мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон сохтмони иншоотҳои варзишӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, ба ҳолати 1 январи соли 2015 дар вилоят 7 маҷмааи варзишӣ, 48 толори варзишӣ, 1 маркази табобатии варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 майдони теннис, варзишгоҳ ва 552 майдончаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол, баскетбол ва волейбол ба маблағи умумии 74 миллиону 857 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 маҷмааи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56 миллиону 668 ҳазору 350 сомонӣ идома дорад.

Дар вохӯрии навбатии худ бо ҷавонони кишвар 23 майи соли 2013 Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ эълон карда шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастуру супоришҳои дар мулоқотҳои мазкур дарҷгардидаро самти асосии фаъолияти худ қарор дода, баҳри беҳтар гардидани дастовардҳои варзишии вилоят чораҳои амалӣ меандешад. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 30 мактаби варзишии кӯдакону наврасон, 1 мактаби маҳорати олии варзишӣ, 33 варзишгоҳ, 23 ҳавзи шиноварӣ, 2620 майдончаи варзишӣ, 447 толори варзишӣ амал мекунад, ки дар онҳо 512 нафар мураббиён аз рӯйи 35 намуди варзиш фаъолият намуда, 12 ҳазору 475 нафар наврасону ҷавонон ҷалб карда шудаанд.

Варзишгарони вилоят соли 2014 дар 38 мусобиқаи байналмилалӣ, 86 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 463 медали тилло, 360 медали нуқра, 516 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1339 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли 2013-ум 94 медали тилло, 52 медали нуқра, 92 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 238 медал зиёд мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар таърихи варзиши тоҷик бори аввал 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳавасманд намудани ғолибони мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ ба тавсиб расид. Ин иқдоми Сарвари давлат варзишгаронро барои фатҳ намудани қуллаҳои баландтари варзишӣ ва бо ҳамин васила муаррифӣ намудани кишвар дар арсаи ҷаҳон рӯҳбаланд мекунад. Варзишгарони мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон аз ин иқдоми Сарвари давлат дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ, аз қабили бозиҳои осиёӣ, чемпионати ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ хеле хушнуд гардида, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар як вазишгар барои ноил гардидан ба ин ҷоиза кӯшишу талошҳои зиёд ба харҷ хоҳад дод.

Фариза Абдуллоева дар фарҷоми сухан аз номи варзишгарони вилояти Хатлон ба Сарвари давлат Эмомали Раҳмон барои боз як ғамхории навбатиаш миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кард, ки варзишгарони вилоят бо ширкати фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф мегарданд.

Ҳамза БОБОЕВ,
муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар вилоят 7 маҷмааи варзишӣ, 48 толори варзишӣ, 1 маркази табобатии варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 майдони теннис, варзишгоҳ ва 552 майдончаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол, баскетбол ва волейбол ба маблағи умумии 74 миллиону 857 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 маҷмааи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56 миллиону 668 ҳазору 350 сомонӣ идома дорад.

-->
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Дар вилоят 7 маҷмааи варзишӣ, 48 толори варзишӣ, 1 маркази табобатии варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 майдони теннис, варзишгоҳ ва 552 майдончаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол, баскетбол ва волейбол ба маблағи умумии 74 миллиону 857 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 маҷмааи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56 миллиону 668 ҳазору 350 сомонӣ идома дорад.

-->
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар вилоят 7 маҷмааи варзишӣ, 48 толори варзишӣ, 1 маркази табобатии варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 майдони теннис, варзишгоҳ ва 552 майдончаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол, баскетбол ва волейбол ба маблағи умумии 74 миллиону 857 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 маҷмааи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56 миллиону 668 ҳазору 350 сомонӣ идома дорад.

-->
Шӯрообод. Талошҳо барои рушди лижаронӣ

Тасмими таъсиси Ҷоизаи Президент барои варзишгарон

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

Ҷавонон ва варзиш, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД