Дар як сатр
» » Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон

29-09-2017, 08:38

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон

Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Сергей Абривалин ба маркази вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа омаданд.

Меҳмононро дар маркази вилоят - назди қалъаи «Қӯрғон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва сокинони шаҳр бо нону намак ва гулу гулдастаҳо, таҳти навои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.

Истиқболи гарму самимии аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯҳияи ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҳунармандони Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-ро болида гардонид. Онҳо аз рақси зебову садои дилнишини дойраву карнаю сурнай ба ваҷд омада, таҳти навои тоҷикӣ ба рақс даромаданд.

Сипас, меҳмонон ба Театри мусиқӣ - мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа роҳ пеш гирифтанд.

Директори Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан», Артисти халқии Федератсияи Русия, Руслан Тедеев зимни суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон чунин иброз дошт: «Аз истиқболи самимии мардуми шаҳри Қӯрғонтеппа ниҳоят шодем. Мо мафтуни табиати зебову меҳмоннавозии тоҷикон шуда, худро дар хонаи хеш эҳсос кардаем”.

Қабл аз шурӯи барномаи консертии Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт: «Мардуми тоҷик ва русро риштаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд, вале барои мо муҳимтар аз ҳама, муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстонаро бо ҳамаи кишварҳо ба роҳ мондаанд, хусусан бо Федератсияи Русия, ки шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо умед дорем, ки рӯзҳои фарҳангӣ барои боз ҳам муттаҳид гардидани мардумони тоҷику рус ва ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона дар ҳамаи соҳаҳо заминаи устувор мегузоранд».

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон

Ёдовар мешавем, ин маротибаи чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аввалин маротиба моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида, дар расми кушодашавии он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Таъсиси ансамблҳои рақсӣ дар Қӯрғонтеппа

Таъсиси ансамблҳои рақсӣ дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сафари ду намояндаи ҲХДТ аз Хатлон ба Русия (аксҳо)

Сафари ду намояндаи ҲХДТ аз Хатлон ба Русия (аксҳо)

Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»

Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тасвиби қонуни нави марбут ба муҳоҷирони корӣ дар Русия

Тасвиби қонуни нави марбут ба муҳоҷирони корӣ дар Русия

Хабарҳо