Дар як сатр
» » Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

25-09-2017, 13:50

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа машварити гурӯҳҳои кории байниидоравӣ аз вилояти Хатлон оид ба муқовимат ба зӯроварӣ дар оила бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, директори филиали GOPA/PDV дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элена Максименко ва аъзоёни шӯро баргузор гардид.

Мақсади машварати мазкур мубодилаи иттилоотӣ оид ба қадамҳои нахустини фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар муқовимат ба зӯроварӣ дар оила дар сатҳи маҳал, нақшаҳои корӣ дар оянда ва иттилоот оид ба фаъолияти чунин гурӯҳҳои корӣ дар мамлакатҳои ИДМ мебошад.

Сараввал муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: «Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дар ин замина қабул шудани «Барномаи давлатӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» пеш аз ҳама аз иродаи сиёсии Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар самти ҳамин мушкилӣ дар оила мебошад».

- Вақте ки ҳуқуқ, озодӣ ва шахсияти инсон таҳқир карда мешавад, аллакай нишонаҳои зӯроварӣ ба вуҷуд меояд, - афзуд, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода. - Масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оиларо як сохтор ҳал карда наметавонад, ин мушкилоте аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти якчанд сохторро талаб мекунад.

Зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии барқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.

Дар кори машварат намояндагони Маркази буҳронии ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» ва ташкилоти ҷамъиятии «Боварӣ ба фардо» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нисбати ҳамкориҳои мутақобила ва дастгириҳои доимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳамчунин, ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои ҳамшарики лоиҳаи PDV ва нақшаи фаъолияти ояндаи ташкилотҳо рӯзи 26-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад. Дар ҷамъбаст маълумот оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва амалисозии лоиҳаи Пешгирии зӯроварӣ дар оила (PDV) дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, муҳокимаи масъалаҳои устувории ташкилотҳои маҳаллӣ, бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои идомаи фаъолият оид ба муқовимат ба зӯроварӣ дар оила гузаронида мешавад.

Инчунин, маълумоти умумӣ дар бораи ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои амалӣ намудани фаъолияяти лоиҳа ва маълумоти умумӣ дар бораи имконияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои идомаи фаъолият оид ба муқовимат ба зӯроварӣ дар оила (роҳбарони ташкилотҳои ҳамшарик) дода мешавад.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА