Дар як сатр
» » Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем

Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем

11-09-2017, 09:01

Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем


Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми сентябри соли равон даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии “Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем” дар маркази вилоят- шаҳри Қӯрғонтеппа доир гашт.

Дар чорабинӣ занону духтарони 25 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат варзиданд. Тавре ки масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иброз доштанд, ҳадаф аз баргузории фес-тивал арҷ гузоштан ба либосҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳон мебошад. Фестивал дар се бахш сурат гирифт: бахши либосҳои расмӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси либосҳои миллӣ, бахши либосҳои миллӣ бо дарназардошти синну сол, бахши либосҳои миллии арӯсӣ. Дар чорабинии мазкур намояндагони шаҳрҳои Қӯрғонтеппа Норак, ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Қубодиён, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ёвон, Муъминобод фаъолона иштирок намуданд.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чемпионати духтарони волейболбози Хатлон

Чемпионати духтарони волейболбози Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷашнҳои Наврӯз ва 20-солагии Ваҳдати миллиро сазовор ист ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷашнҳои Наврӯз ва 20-солагии Ваҳдати миллиро сазовор ист ...

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Ҷилваи ҳусн» дар Кӯлоб

«Ҷилваи ҳусн» дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА