Дар як сатр
» » Озодии мо зи файзи истиқлол аст

Озодии мо зи файзи истиқлол аст

8-09-2017, 12:05

Озодии мо зи файзи истиқлол аст
Мардуми шарифи Тоҷикистони биҳиштосо бо хушҳолӣ, зафармандиву шарафмандӣ аз ҳаёти орому осудаи худ, хусусан мо – насли ҷавони кишвар таҳти таъсири пурфайзтарини сол -“Соли ҷавонон-соли 2017” бо рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ 26-умин солгарди соҳибистиқлолии ватани азизамонро таҷлил менамоем. Бешубҳа, истиқлолият роҳи имрӯза, оянда ва минбаъдаи мо – тоҷикону тоҷикистониёнро муайяну мушаххас намуд, ки ин роҳ роҳи рушд, инкишофи босуръат, шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ва роҳи ягонаи зиндагии шоистаи мардуми кишвари мост. Ҳар яки мо – сокинони ин сарзамин, хусусан мо – ҷавонон вазифадорем, ки дар роҳи бебозгашти мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти сартосарии Тоҷикистон масъулияти дучанд ҳис намоем.

Дар зарфи 26 сол мо бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се ҳадафи стратегии худ: таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон зина ба зина дастёб шуда истодаем. Ва чӣ тавре ки мову шумо медонем, Сарвари давлат ҳам дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин ҳадафҳо изҳори назар намуда буд: «…се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин менамоем.

Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод». Вақт довари замон аст. Дар солҳои наздик мо аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноативу-аграрӣ, аз хонаҳои равшану нурафшон ба кӯчаҳои чароғон, аз ҳавлиҳои тахту обод ва рӯйпӯшшуда ба ободнамоии кулли роҳу кӯчаҳо мегузарему бо меҳнати ҳалолу софдилона аз замини файзбору муқаддасамон бо тавсияҳои падаронаи Пешвои миллат 2-3 то 4 ҳосил гирифта, амнияти азуқавории кишвари ҷавонамонро таъмин карда, ватани азизамон-Тоҷикистонро биҳишти кашфнашудаи рӯйи замин мегардонем, ин аст нияту ҷасорати мо-ҷавонон дар соли таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон.

26 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати дурандешона ва оқилонаи Сарвари давлат ба мо бисёр дастовардҳоро насиб гардонид, вале боарзиштарини онҳо худи соҳибистиқлоливу сулҳ ва Пешвои миллии худро ҳифз кардану шароити мусоид фароҳам овардан барои пешрафти босуботи кишвар мебошад.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки масъулият, мавқеи сиёсии худ ва вазифаи инсониву қарзи шаҳрвандии худро дарк карда, бо рӯҳияи шикастнопазир дар муқобили ҳамагуна таҳдиду хатарҳо истодагарӣ карда, давлату миллат, сарзамини орзуҳои аҷдодии худро бо ҳама арзишҳои милливу давлатиаш ҳифз намоем, нагузорем, ки ягон нохалаф ё душмани халқу давлат ва ё душманони кӯрдил ба мо хиёнат кунаду ба ҳаёти осудаву хушбахти мо хатаре ворид намояд.

Воқеан ҳам, истиқлолият дастоварди бузургу бебаҳо ва таърихии мо, ормони чандинасраи миллат ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи озодии тоҷикон маҳсуб меёбад. Истиқлолияти давлатӣ омили ҳастии ҳар як миллат ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад. Бо дарки воқеияти ин маънӣ ҳар як узви ҷомеа новобаста аз мавқеи сиёсӣ, баромади иҷтимоӣ ва касбу кор дар пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастоварду музаффариятҳои он масъул ва вазифадор мебошад. Дар ин роҳи ниҳоят мушкили эъморӣ, воқеан, давлати ягонаи миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҳамдиёронам барору муваффақиятро таманно менамоям.

Ҷашни истиқлоли мо, бодо муборак дӯстон!
Бахти мо, иқболи мо, бодо муборак дӯстон!


Аловуддин АМИРЗОДА,
муовини директори МТМУ
№25-и ноҳияи Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шарафу номуси ватандорӣ

Шарафу номуси ватандорӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ҷавонон-неруи созанда

Ҷавонон-неруи созанда

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо