Ҳабси роҳбари маркази компютерӣ дар Шаҳритус
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 178
![]()
Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд, зимни баргузории амалиёти санҷишӣ дар ноҳияи Шаҳритус муайян гардид, ки 20 нафар хонандагони МТМУ №1 дар вақти дарсӣ ба маркази компютерии “Кибер-Клуб” ташриф оварда, машғули бозии дорои хусусияти зӯроваридоштаи “Counter-Strike” будаанд.
Гуфта мешавад, маркази мазкур ба соҳибкор Камолов Азимҷон тааллуқ дошта, масъулин ба ноболиғон иҷозати воридшавӣ дар соатҳои дарсиро додаанд, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад.
Дар пайи ин ҳолат нисбати 20 нафар волидайн барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд. Ҳамзамон, тибқи моддаи 479 қисми 1-и ҳамин Кодекс нисбати роҳбари марказ — Камолов Азимҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 1994, бо қарори суд ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид.
Масъулини Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо падару модарони хонандагон суҳбат гузаронида, онҳоро ба тақвияти назорат ва ҳамкорӣ дар тарбияи насли наврас даъват намуданд.
Акс: Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00