ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ҚУРБОНАЛӢ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 4
![]()
Имрӯз, 14 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён дар маъракаи кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии «Қурбоналӣ» иштирок намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодасозии замин ва шароити кишти картошка аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти деҳқонон баҳои мусбат доданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи дурусту самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва интихоби тухмии хушсифат метавонад ба афзоиши ҳосилнокӣ ва беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат намояд.
Давлаталӣ Саид ба масъулони соҳа ва роҳбарияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати татбиқи саривақтии тадбирҳои агротехникӣ, таъмини заминҳо бо оби полезӣ, истифодаи тухмии серҳосил ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Иброз гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан афзоиши истеҳсоли картошка, яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр кард, ки дар вилояти Хатлон маъракаи кишти картошка оғоз гардида, тибқи нақша дар мавсими навбатӣ ин маҳсулот дар майдони 8 ҳазор гектар шинонда мешавад. Ин тадбир ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи пурраи иқтидори аграрии минтақа минбаъд низ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...