ТАНДУРУСТӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 19
![]()
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди ҳамаҷонибаи кишвар бахшида шудааст, соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро пайваста амалӣ менамояд.
Дар ин замина зикр гардид, ки тайи солҳои охир бо мақсади таҳкими инфрасохтори соҳа, афзоиши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар натиҷа, садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, шароити кору хизматрасонӣ дар беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ ба таври назаррас беҳтар гардид.
Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои муосири тиббӣ дар пойтахти мамлакат ва минтақаҳо, таҷҳизонидани беморхонаҳо бо дастгоҳҳои пешрафта ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат нишон медиҳад, ки Ҳукумати кишвар ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки шаҳрвандон беш аз пеш аз хизматрасониҳои тиббии дохилӣ истифода намоянд.
Дар Паём ҳамчунин, ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ бидуни мутахассисони соҳибтаҷриба ғайриимкон буда, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва кафедраҳои соҳавӣ дар назди беморхонаҳо ба болоравии сатҳи касбии табибон мусоидат мекунад.
Баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ низ аз масъалаҳои муҳими дар Паём зикршуда мебошанд. Ин тадбирҳо ба таҳкими ҳавасмандии мутахассисон ва баланд гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ ва фаро гирифтани гурӯҳҳо ва қишрҳои осебпазири ҷомеа бо кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ супориш доданд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешад.
Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури раҳнамоест, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд. Ҳамзамон, татбиқи самаранокии дастурҳои Паём дар соҳаи тандурустӣ метавонад заминаи ҷомеаи солим ва рушди устувори кишварро таъмин намояд.
Ҷамолиддин ҚАЮМОВ,
ҷарроҳи Беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...