Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАШАББУСИ ФАРҲАНГӢ


ТАШАББУСИ ФАРҲАНГӢ



Бо пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарварона ва маърифатгустаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар доираи тадбири фарҳангии раиси вилояти Хатлон, яъне эълон гардидани Солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» дар вилоят, Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдоми шоистаеро амалӣ намуд.

Дар доираи ин иқдом, ба хазинаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» 400 нусха китобҳои гуногунмазмун аз соҳаҳои илм, адабиёт, таърих, фарҳанг, педагогика, инчунин 10 адад рафи муосири китобмонӣ тақдим карда шуд. Ин китобҳо барои ғанӣ гардонидани фонди китобхона ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои маърифатии хонандагон мусоидат менамоянд.

Зикр гардид, ки ин иқдом ҳамчун саҳми арзандаи донишгоҳ дар рушду таҳкими фарҳанги китобдорӣ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи донишандӯзӣ дар миёни наврасон, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода