Хатлон- қаламрави имкониятҳои сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
Соҳаи сайёҳӣ имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар Паёмҳои солонаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ рушди сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими тақвияти иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста таъкид мегардад.
Дар ҳамин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди устувори соҳаи сайёҳӣ як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои стратегиро қабул ва ба марҳилаи амал татбиқ намудааст. Аз ҷумла, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли2030» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2023-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №631 тасдиқ гардидааст, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо барои рушди соҳа хизмат мекунад.
Бо такя ба ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ, дар вилояти Хатлон низ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Аз ҷумла, бо қарори Раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2023, №25 нақшаи чорабиниҳо иборат аз 30 банд тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифт. Ин нақша самтҳои асосии рушди сайёҳиро дар сатҳи вилоят муайян намуда, барои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва имкониятҳои мавҷуда заминаи мусоид фароҳам овард.
Рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон бо роҳбарии Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ба таври марҳилавӣ ва низомманд роҳандозӣ гардид. Дар солҳои охир роҳбарияти вилоят бо ташаббусҳои созанда ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки соҳа, таҳкими заминаи ташкилию ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои рушди устувор иқдомҳои амалӣ анҷом дод.
Дар марҳилаи аввал, таваҷҷуҳ ба таҳкими низоми идорӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳо ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят равона гардид. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки нақшаҳои стратегии давлатӣ дар маҳал бо дарназардошти хусусиятҳои минтақа амалӣ гардида, барои рушди минбаъдаи соҳа заминаи воқеӣ гузошта шавад.
Марҳилаи дуюм бо густариши фаъолияти таблиғотию муаррифӣ тавъам омад.
Бо дастгирии Раиси вилоят форумҳо, намоишгоҳҳо, фестивалҳои фарҳангию сайёҳӣ ва чорабиниҳои гуногун баргузор гардида, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба таври васеъ муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон, истифодаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашри ма-води видеоии тарғиботӣ бо иштироки мақомоти вилоят ва ширкатҳои сайёҳӣ беш аз 1 миллион нафар бинандаро фаро гирифта, шинохти Хатлонро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба маротиб афзоиш дод.
Дар марҳилаи минбаъда, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоят, тадбирҳо ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таҳкими неруи кадрӣ, ташкили маҳсулоту хизматрасониҳои рақобатпазир ва густариши ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ амалӣ мегарданд. Ин иқдомҳои пайдарпай имкон медиҳанд, ки соҳаи сайёҳии вилояти Хатлон ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, саҳми назаррас дар рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ гузорад.
Айни ҳол вилояти Хатлон дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ буда, дар ҳудуди он 940 ёдгорию мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, 156 мавзеъи сайёҳӣ, 125 меҳмонхона, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 46 осорхона, 50 ҳомстей ва гестхаус, 26 нуқтаи иттилоотии сайёҳӣ ва 18 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд. Ин инфрасохтор барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ ва рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ- таърихӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва табобатӣ мусоидат мекунад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 ба вилояти Хатлон дар маҷмуъ 1 миллиону 647 ҳазору 593 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд. Аз ин шумора 1 миллиону 498 ҳазору 51 нафар сайёҳони дохилӣ ва 149 ҳазору 542 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши устувори ҷараёни сайёҳӣ ва натиҷабахш будани тадбирҳои андешидашуда шаҳодат медиҳанд.
Бо вуҷуди ин, таҳлили фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт баъзе мушкилот низ ҷой доранд. Қисме аз ширкатҳо дар суроғаҳои расмӣ фаъолият намекунанд, бархеи дигар бинобар анҷом ёфтани муҳлати иҷозатномаҳо фаъолияти худро муваққатан қатъ намудаанд. Ин ҳолат тақвияти назорат, танзими ҳуқуқӣ ва равона намудани фаъолияти воқеии субъектҳои соҳибкориро ба рушди босифати соҳаи сайёҳӣ тақозо менамояд.
Дар маҷмуъ, соҳаи сайёҳии вилояти Хатлон дар соли 2025, сарфи назар аз маҳдудиятҳои молиявӣ, бо тамоюли мусбати рушд арзёбӣ мегардад. Бо дастгирии минбаъдаи роҳбарияти вилоят, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва татбиқи пайвастаи сиёсати давлатӣ, ин соҳа метавонад ба яке аз бахшҳои калидии рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа табдил ёбад.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва
ҳамкории зичи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, метавон бо итминон гуфт, ки соли2026 барои соҳаи сайёҳии вилоят марҳилаи нави рушд, имкониятҳои васеъ ва дастовардҳои назаррасро ба ҳамроҳ хоҳад овард.
Бахтовари ДИЛОВАР,
мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...