Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН


ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН



Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз, 14 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар кӯчаи Орзуи шаҳраки Бӯстонқалъа дар шоҳроҳи Бохтар-Левакант баргузор гардида, беш аз 1000 дона ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинониданд.

Зимни шинонидани ниҳолҳо, раиси вилоят бо сокинону масъулони ноҳия вохӯрда, ба нақши ин ташаббус дар беҳтарсозии муҳити зист, зебоии маҳал ва афзоиши сабзазорҳои минтақа таъкид намуд. Аз масъулони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда зери назорати ҷиддӣ қарор бигирад, то дарахтон ба таври дуруст нашъунамо ёбанд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2026 600 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан, ҳамешасабз, мевадфиҳанда ва 9095140 дона гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ, нишолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода