Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ФИТНАГАРОНИ НАҲЗАТӢ БАРОИ ҲАМА ОШКОР АСТ


ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ФИТНАГАРОНИ НАҲЗАТӢ БАРОИ ҲАМА ОШКОР АСТ




Дар пасманзари таҳкими давлатдории миллӣ ва боло рафтани нақши кадрҳои ҷавон, таҳсилдида ва масъули хизмати давлатӣ, намояндагон ва таблиғгарони ташкилоти дар Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эътирофшудаи наҳзати исломӣ фаъолиятҳои иғвоангезонаи худро боз ҳам шиддат бахшидаанд. Баромадҳои пайдарпайи Муҳаммадиқболи ифротӣ намунаи ҳамин талошҳои ноумедона мебошанд.

Он чӣ имрӯз аз минбарҳои иттилоотии хориҷӣ садо медиҳад, ҳеҷ иртиботе ба танқиди созанда надорад. Ин маҷмӯи туҳмат, таҳриф, фитнаангезӣ ва тахриби ҳадафманд аст, ки мустақиман ба эътибори ниҳодҳои давлатӣ ва чеҳраҳои навини идоракунӣ равона шудааст.

Воқеият он аст, ки наҳзатиён, ки дар дохили кишвар пойгоҳи иҷтимоии худро комилан аз даст додаанд, имрӯз бо роҳи заҳролуд сохтани фазои иттилоотӣ мехоҳад нокомии сиёсӣ ва таърихии худро пинҳон созад.

Ҳамлаҳои лафзӣ ба кадрҳои навтаъин далели тарси ифротиёни наҳзатӣ аз оянда аст. Ояндае, ки дар он Тоҷикистон бо такя ба дониш, касбият, таҷрибаи муосир ва масъулиятшиносӣ рушд мекунад, на бо шиорҳои дурӯғини динӣ, на бо тафаккури ифротӣ ва на бо сиёсатбозии харобкоронае, ки замоне кишварро ба вартаи ҷанг кашида буд.

Муҳаммадиқболи беобрӯ ва ҳаммаслакони ӯ, мисли ҳамеша, аз пешниҳоди далелҳои мушаххас, санадҳои расмӣ ва таҳлили воқеӣ оҷизанд. Ба ҷои он, онҳо усули фарсудаи такрори дурӯғу ҳамоқатро пеш мегиранд, ба умеде ки шояд садои туҳмату фитнаангезиашон ҳақиқатро пӯшонад. Аммо ин равиш дигар кор намедиҳад. Ҷомеаи Тоҷикистон ба сатҳе расидааст, ки фитнаро аз ҳақиқат, таҳқирро аз танқид ва дурӯғро аз мавқеи миллӣ ба осонӣ фарқ мекунад.

Бояд бо масъулияти пурра таъкид кард, ки кадрҳои нави хизмати давлатӣ маҳсули интихоби огоҳона, сиёсати кадрии ҳадафманд ва ниёзҳои воқеии давлат мебошанд. Онҳо зери назорати қонун фаъолият мекунанд ва дар назди миллат ҷавобгаранд. Ҳар гуна кӯшиши бадномсозиву туҳмат ба онҳо, дар асл, ҳамла ба низоми конститутсионӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Имрӯз ҳар сухани заҳролуду туҳматомези намояндагони ТЭТ ҳизби наҳзати ислом, новобаста аз шаклу лаҳн, ба як ҳақиқат бармехӯрад: ИН ҶОМЕА ДИГАР ФИРЕБ НАМЕХӮРАД!

Халқи Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ ва тахрикориҳои гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароиро паси сар кардааст ва хуб медонад, ки кӣ ҷонибдори сулҳ, созандагӣ ва давлатдорист ва кӣ таблиғгари бесуботӣ ва тафриқаандозӣ.

Тоҷикистон роҳи худро интихоб кардааст, ки он роҳи қонун, донишмеҳварӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва такя ба кадрҳои ҷавону ватандӯст аст. Дар ин роҳ садои туҳматгарон, ҳар қадар баланд ҳам бошад, дар назди ҳақиқат, иродаи миллӣ ва эътимоди мардум ба давлат ночиз мемонад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода