Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОБОДИИ ВАТАН ОБОДИИ ХОНАДОНИ МОСТ


ОБОДИИ ВАТАН ОБОДИИ ХОНАДОНИ МОСТ




Вақте  ки  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  вақти  ироаи  Паёми  навбатии  хеш  бештар  аз  Ватани биҳиштосоямон-Тоҷикистон  ҳарф  мезад,  аз  ин  сарам ба  осмон  мерасид.  Зеро  ман  Ватан  дорам,  ки  онро  ном Тоҷикистон аст. 

Дар домани ин диёр ба дунё омада, соҳиби савод, касб шудам. Хонаи обод, оилаи хушбахт, фарзандони ширинак дорам. Гумонам болои Тоҷикистон ситораҳои зиёде ҳастанду сӯйи мо чашмак мезананд. Моҳи тобон низ гӯё роҳи мо-тоҷиконро рӯшан мекунаду ҳама ҷо гулистонро мемонад. Ман шукрона мекунам, аз ин зебоиҳои Тоҷикистонам.

Бале, ҳар як сокини ин Ватан аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор мекунад. Ҳар як фарди тоҷик метавонад, ватани худро ободу зебо гардонад. Чунки Ватан хонаи мост. 

Онҳое, ки дар ин ватан ба дунё омадаанд, онро аз ҳама бадчашмону зиёнкорон нигоҳ доштанду ободу зебо гардониданд. Фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами мо 

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дубора сохту ба мо дод. Ҳар як шахсе, ки ватандӯсту заҳматқарин, бонангу номус ва масъулиятшинос асту имони комил дорад, ватанро чун гаҳвараки чашм ҳифз менамояд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Ин боиси ифтихор аст, ки мо-шаҳрвандон ҳамеша дар фазои софу беғубори ватанамон зиндагии тинҷу осоишта намуда, метавонем неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии ватани худ сарф карда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ сарҷамъона, ба хотири рушду пешрафти меҳани худ заҳмат кашему обрӯи давлатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорем. 

Мо метавонад аз хонаву кошонаи худ сар карда, кӯчаву маҳалли зистамонро тозаву озода намуда, инчунин роҳҳои шаҳрамонро обод созем, ки ин ҳама барои ободии ватан мебошад.

Шаҳрвандон бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ бояд ватани худро ҳамеша озода нигоҳ доранд, нагузоранд, ки ягон нохалафе ободии ватани моро халалдор созад.

З. ХУДОЙДОДЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода