Дар як сатр
» » Ҷомӣ Амиршоев: «Барои аз дархости паноҳандагӣ даст кашиданам наҳзатиҳо таҳдид ба ҷонам карданд»

Ҷомӣ Амиршоев: «Барои аз дархости паноҳандагӣ даст кашиданам наҳзатиҳо таҳдид ба ҷонам карданд»

21-07-2017, 16:13

Қиссаи чӣ тавр ба доми наҳзатиҳо афтидан, дархости паноҳандагӣ кардан аз кишвари Аврупо, даст кашидан аз дархости паноҳандагӣ ва бар асари таҳдидҳои ҷиддӣ ба ҷонаш ба Ватан баргаштани шаҳрванд Ҷомӣ Амиршоев


Ҷомӣ АмиршоевҶомӣ Амиршоев

- Чӣ сабаб шуд, ки шумо кишвари Полша рафта, дархости паноҳандагӣ кардед?
- Дар ибтидо мехоҳам худамро шинос кунам: ман — Ҷомӣ Амиршоев, дар маҳаллаи Буни Ҳисораки шаҳри Душанбе истиқомат мекунам. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм карда, маълумоти олӣ дорам. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ҳастам.

Аз соли 2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул буда, ҳамроҳи зану фарзандонам дар шаҳри Москва истиқомат ва дар ширкати туркии «Ренесанс» кор мекардам. Ин ширкати туркӣ ба сохтмони биноҳои баландошёна ва марказҳои хизматрасонӣ машғул аст.

Бояд гӯям, ки ман чанд вақт боз аз дарди сутунмуҳра азоби сахт дорам. Як рӯз нафаре гӯё тасодуфан дар наздам ҳозир шудаву ҳолу аҳволпурсӣ кард ва вақте аз дарди миёну аз ҷойи кор ҷавоб шуданамро ба ӯ гуфтам, бароям тавсия дод, ки барои табобат ба Европа равам. «Табобат дар беморхонаҳо бепул буда, инчунин баъд аз гирифтани табобат метавонӣ ҷойи кор бо маоши 3 евро дар як соат пайдо намоӣ», — гуфт он шахс.

Бо ҳамин ваъдаҳо он нафар, ки Баҳром ном дошт, рақамҳои телефони Маҳмадзариф ном шахсро бароям дод. Маҳмадзариф низ дар суҳбати телефонӣ тасдиқ кард, ки табобат ройгон ва ҷойи кор фаровон мебошад.

Пас аз ин ӯ маро ба назди Зафар ном шахс ба шаҳри Санкт-Петербург фиристонид. Зафар ба ман раводиди 5-рӯза таҳия карда, сипас, бо мошинаш ба Литва бурд. Дар Литва маро шахсе бо номи Фаррух пешвоз гирифта, бо ваъдаҳои зиёд ба Полша фиристод.

Баъдан фаҳмидам, ки Фаррух ҷияни Муҳиддин Кабирӣ буда, барои он муҳоҷироне, ки дархости паноҳандагӣ мекунанд, даъватнома барои омадан ба кишвари Полша мефиристодааст. Ин нафарон Маҳмадзариф, Фаррух, Зафар дар миёни муҳоҷирон ташвиқоту тарғибот бурда, бо ваъдаҳои зиёд онҳоро барои муроҷиат кардан ба кишварҳои Европа, дархости паноҳандагӣ кардан ва аъзо шудан ба сафи наҳзатиён даъват мекунанд. Бо ин корашон онҳо ҳам супориши роҳбаронашонро иҷро мекунанд ва ҳам фоидаи пулии муфт ба даст меоранд. Масалан, аз ман 600 доллари амрикоӣ талаб карда гирифтанд. Аммо, ҳадафи ман аз рафтан ба кишвари Полша гирифтани табобат ва машғул шудан ба кори муайян буд. Танҳо баъдан фаҳмидам, ки ба доми мухолифону такфириҳо афтидаам.

- Шумо кай эҳсос кардед, ки ба доми наҳзатиҳо афтидаед?
- Дар кишвари Литва вақте дар меҳмонхона қарор доштам, Фаррух – ҷияни М. Кабирӣ бо ман суҳбат кард, вале дар рафти суҳбати нахустин ӯ ошкор накард, ки бо кадом мақсад ба ман даъватнома фиристодааст. Гумон кардам, ки ҳамчун як шахси беғараз ба ман кӯмак кардан мехоҳад. Фаррух ба воситаи автобус маро ба Полша фиристод. Дар Полша Маҳмадзариф, ки бо ӯ то он замон ба воситаи телефон гуфтугӯ карда будам, маро пешвоз гирифт. Сипас, мо ба хонаи як нафар, ки ӯро «раис» мегуфтанд, рафтем. Вақте дар хонаи «раис» будем, як ҷавон, ки баъдтар фаҳмидам номаш Меҳроб будааст, вориди хона шуда, хабар дод, ки дискҳоро омода кардем. Ман, ки то он замон каму беш аз гуфтору рафтори «шинос»-ҳои нави худ ба шубҳа гирифтор шуда будам, пурсидам, ки «кадом дискҳо омода карда шуданду шумо аслан чӣ ният доред?». Дар ҷавоб онҳо изҳор карданд, ки мо ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон мубориза мебарем ва барои табаддулот дар Тоҷикистон омодагӣ мегирем.

Ман то он рӯз намедонистам, ки дар Полша аъзо ва тарафдорони ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ ҷой гирифта, ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ бо роҳи фанду фиреб ба сафҳои худ машғул мебошанд.

- Баъд ба шумо чӣ рӯй дод?
- Муддати 10 рӯз дар шаҳри Варшава дар лагери Денбак будам. Дар ҳамон ҷо ариза барои гирифтани паноҳандагӣ супоридам. Ду шабонарӯз дар хонаи иҷораи Маҳмадзариф қарор доштам. Сипас, моро ба шаҳри Гданск фиристониданд, ки он аз Варшава 450 км дур мебошад. Маро то ин шаҳр ҳамон ҷавон бо номи Меҳроб роҳнамоӣ кард. Вақте ба Гданск расидам, дар он ҷо низ якчанд нафарро ба мушоҳида гирифтам, ки ба муқобили давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғоту ташвиқот мебурданд.

Яке аз ин нафарон бо номи Амирҳамза (додари Бобоҷон Қаюмов, ки дар Туркия қарор дорад) мебошад. Ҳамчунин як нафари дигар бо номи Амиршо, ки пайрави ҷамоати «Таблиғ» мебошад ва ба бадном кардану туҳмат задан ба шаъни Тоҷикистон машғул аст.

Дар ин миён ман, ки табиати хомӯш нишастанро надорам, ба ақидаҳои онҳо муқобил будани худро дар суҳбатҳо рӯйирост ва ошкоро изҳор кардам. Аз ҷумла ба онҳо гуфтам, ки шумо ҳуқуқ надоред дар байни мардум фитна андозед, иғвогарӣ кунед, чунки ҷавонҳо, ки фаҳми комил надоранд, ба ақидаҳои дурӯғи шумо шумо дода мешаванд.

Баъд аз ин, бо сабаби он ки қатора барои мо бепул буд, рӯзи ҷумъа барои хондани намоз ба як шаҳри дигар рафтем. Баъд аз хондани намози ҷумъа нафаре бо номи Маҳмадсаид Ризоӣ маро даъват карда пурсид, ки «Ба Маҳмадзариф кӣ мешавӣ?», ҷавоб додам, ки «Бо Маҳмадзариф ягон робитаи хешу таборӣ ва шиносоӣ надорам».

Сипас, ба ман як нафари дигар омада гуфт, ки «Маҳмадзариф ба Россия занг задаву гуфтааст, ки ин шахсеро, ки шумо равон кардед, обрӯи маро дар миёни бародарон паст намуда, маро шарманда кардааст».

Ман дар навбати худ ба Маҳмадзариф гуфтам, ки боиси шармандашавии ту аз ман дар чист? Ҷавоб дод, ки ҳамроҳонаш ба ӯ гуфтанд, ки «ту як нафар одами ҳукуматиро оварда, дар байни мо партофтаӣ ва агар мо то чораи ин нафарро набинем ва ӯро аз байн набарем, корҳои мо пеш намераванд, чунки мо ҳама сирри корҳои худро ба ӯ ошкор кардем».

- Шумо кай қарор қабул кардед, ки аз дархости паноҳандагӣ даст кашед?
- Ман дар аввал ба ин таҳдидҳо аҳамият надодам. Баъд аз як ҳафтае, ки дар Полша будам, Муҳиддин Кабирӣ аз Германия ва Бобоҷон Қаюмов аз Туркия ба Полша омада, маҷлис карданд. Дар ҳамин маҷлис дар бораи табаддулоту мубориза ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон суханронӣ карда, Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки тибқи маслиҳату машварат ва роҳбарии устодаш Юсуф Қарзовӣ, ки дар Қатар қарор дорад, онҳо бояд аввал омодагӣ гиранд, бо дигар кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон маслиҳат кунанд ва сипас, даст ба табаддулот зананд. Бо шунидани ин суханон, ман якбора аз рафтанам ба ин кишвар ва дархости паноҳандагӣ карданам пушаймон шудам ва ба мақомоти Полша муроҷиат кардам, ки мехоҳам дубора ба Тоҷикистон баргардам. Дар ин миён Маҳмадзариф ба ман занг зада гуфт, ки ба фалон макон биё, мо маҷлис дорем ва туро бо одамони ин ҷо шинос мекунам. Ман, ки аз ҳадафи онҳо барои ҷисман нобуд карданам огоҳ шуда будам, тарсидам ва ба пеши онҳо нарафтам. Ба мақомоти Полша муроҷиат карда гуфтам, ки ман аз дархости паноҳандагӣ карданам даст мекашам ва мехоҳам ба Тоҷикистон баргардам. Мақомоти Полша дар навбати худ маро фаҳмиданд ва ба як лагери алоҳида бо номи лагери Лелин ҷойгир карданд. Аз ҳамон лагер ба ман имконият доданд, ки ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба Россия баргардам. Вақте ба Россия баргаштам, аввал рафта зану фарзандонамро гирифта, сипас, саҳари рӯзи дигар ба Душанбе баргаштам.

- Чӣ сабаб шуд, ки шумо ба АМИТ «Ховар» барои мусоҳиба муроҷиат кардед, ҳадафи шумо чист?
- Ман мехоҳам тариқи васоити ахбори омма ба ҷавонон, ки дар ҳудуди Россия қарор доранд, муроҷиат кунам, ки ба доми фиреб ва найранги онҳое, ки аз Полша истода, барои ба кишварҳои Аврупо дархости паноҳандагӣ кардан даъват мекунанд, бовар накунанд. Он нафарон танҳо барои нафси худ ва барои манфиатҳои худ мову шумо - муҳоҷиронро истифода бурдан мехоҳанд. Онҳо ягон зарра меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, нисбат ба Тоҷикистон надоранд, балки мехоҳанд дар Тоҷикистони ободу амну осоиштаи мо нотинҷӣ ва бесарусомонӣ, ҷангу хунрезиро ҷорӣ кунанд. Ман ин суханонро худам бо гӯши худ аз суҳбати онҳо фаҳмидам ва вақте изҳори норозигӣ кардам, таҳдид ба ҷонам карданд. Агар ман аз Москва зану фарзандамро намеовардам, онҳо дар он ҷо низ метавонистанд нисбат ба хонаводаи ман ҷиноят содир кунанд. Бори дигар ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки ин нафарони наҳзатӣ хатару таҳдид доранд ва худро аз онҳо дар канор гиред.

Мусоҳибаи
Акрам САНГЗОДА,
хабарнигори АМИТ «Ховар»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Одноклассники»-Туркия-СИЗО-афв

«Одноклассники»-Туркия-СИЗО-афв

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Ҷавонон ва варзиш
Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
Биё, балам, фолат кушоям…

Биё, балам, фолат кушоям…

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ