Дар як сатр
» » Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

26-05-2017, 08:54

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ


Акси одамони машҳурро бо истифода аз сангчаҳо тасвир кардан нияти аслии ман аст, - мегўяд Умед Саидов, рассоми ҷавони хатлонӣ, ки ба шеваи ҷолиб тасвиргарӣ мекунад. - Аз ҷумла имрўз бар сари офаридани портрети Пешвои миллат андеша дорам.

Умед Саидов, ҷавони 30-сола аз шаҳри Қўрғонтеппа, истеъдод ва ҳунари нотакрор дорад. Ў дар замони наврасӣ, вақте танҳо мемонд, ҳамеша рўйи авроқи сафед аксҳо мекашид. Ҳамагӣ дар синфи сеюм мехонд, ки шавқи рассомӣ ўро ба мактаби санъати ба номи Парманқулови шаҳри Қўрғонтеппа бурд. Умед тўли чоруним сол дар он мактаб таҳсил карду ҳунари худро сайқал дод. Баъдтар Умед раҳ сўйи Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе пеш гирифт. Соли 2007 коллеҷи мазкурро хатм кард. Устоди Умед дар коллеҷ Ахмед Юсупов, рассоми чирадасти тоҷик, буд. Кори дипломиашро Умед дар мавзўи “Рассомони гузаштаи тоҷик” ҳимоя карда буд.

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Умед ба монанди дигар рассомони давр манзараҳоро танҳо бо обу ранг тасвир намекунад. Диду услуби Умеди ҷавон тамоман дигар аст. Ў андеша дорад, ки бояд истеъдоду ҳунараш аз дигарон ба куллӣ фарқ кунад. Агар Иван Айвазовский, рассоми машҳури рус, баҳрро бештар тасвир мекард, агар гравёр-аквафортист Иван Шишкин ҷангалзору табиатро пайваста мунъакис мекард, Умед фирқаи махсуси санъати рассомиро пеш гирифтааст. Расмҳои кашидаи Умед аз хурдсолӣ то ба имрўз беҳисобанд, аммо асаре, ки моро бештар ҳайрон намуд, тасвире бо истифода аз сангчаҳои хурди мармарӣ буд. Ин акс бо сарфи 3445 кубик сохта шуда, барои ба итмом расиданаш Умед тўли шаш моҳ заҳмат кашидааст.

Рўйи тасвири кубикӣ симои сарояндаи машҳури рус, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Алла Пугачёва ба чашм мерасад. Ҷолибияти асар он аст, ки агар аз наздик истода назар андозед, Пугачёваро ба зудӣ намешиносед, зеро он бо шумораи зиёди кубикҳои ранга сохта шудааст. Вале вақте Умед тасвирро ба масофаи 30-40 метр дуртар бурду намо дод, дар ҳақиқат ба таври барҷаста маълум гардид, ки акси зебои Алла Пугачёва будааст. Мутахассисони баҳодиҳанда ба асарҳои рассомӣ ба тасвири Алла Пугачёва, ки Умед тўли шаш моҳ ба офариданаш вақту неру сарф кардааст, 20 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш додаанд.

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Аксҳои дигари офаридаи Умед низ аҷибанд. Асарҳои «Пайи захми ишқ», «Маҷнун», ки дар назари аввал чун шамъ менамоянд, аз ҷиҳати маъно пурбор буда, дар асл силуэти ду шахси дилдода дида мешавад. Ҳамин тавр, дар асарҳои ў техникаи кубизм, сюреализм ва мозаика мушоҳида мешавад, ки аз маҳорати баланди тасвиргарӣ ва ҷаҳони ғановатманди ботиниаш ҳувайдост.

Умед ғолиби якчанд озмуни рассомӣ дар кишвар аст. Ба андешаи ў, мардум ба услуби рассомӣ ва асарҳои ў чандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намекунанд, шояд ба дарки маънии офаридаҳо ва паёмҳои ў намерасанд. Аз ҳамин хотир, Умед асарҳои офаридаи хешро, ки дар Осорхонаи вилоятии ба номи “Авасто” ба маъраз гузошта буд, дубора пас гирифт.
Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё ин гуна асарҳои тасвириро бо шавқи тамом тамошо мекунанд, таҳлилу арзишдоварӣ менамоянд ва ҳунармандон қадрдонӣ мешаванд. Аммо Умед дилмонда нест, зеро ў аввалин ҷавонест, ки дар Тоҷикистон ин шева ё тарзи рассомиро пеша кардааст. Пикассо, Малевич барин рассомони оламшумулро ҳам, ки дар санъати тасвирӣ бо тозаназарию дунёи хаёлоти рангинашон табаддулот карда буданд, дар оғоз мардум чандон қабул надоштанду намефаҳмиданд.

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Умед дар оянда нақшаҳои зиёд дорад. Орзу дорад, ки асарҳояшро рўзе дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ба тамошо гузорад. Ў ҳамчунин мехоҳад, ки дар тасвири симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муваффақ шавад. “Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи барҷастаи таърихист. Ў ҳамеша ба ҷавонон такя мекунад ва боиси хурсандист, ки имсол Соли ҷавонон эълон гардид. Мехоҳам ба рамзи иззату эҳтиром портрети Пешвои миллатро биофарам”, - мегўяд Умед Саидов.

Мо ба ин ҷавони навҷўву навовар дар ҷодаи ҳунар барору комёбӣ мехоҳем. Орзу мекунем, ҳунари ў рушд кунад ва дар Соли ҷавонон сафи чунин ҷавонони соҳибистеъдод дар вилояти Хатлон зиёд гардад.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ёде аз Аброр Зоҳир

Ёде аз Аброр Зоҳир

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
Рақс як ҷузъи фарҳанги миллии мост

Рақс як ҷузъи фарҳанги миллии мост

Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
«5 эҳсос…»-и Марям

«5 эҳсос…»-и Марям

Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА