Дар як сатр
» » Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Қӯрғонтеппа

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Қӯрғонтеппа

25-01-2017, 15:07

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» дар Қӯрғонтеппа


Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон 21 январ дар майдони назди теппаи таърихии Қӯрғони маркази вилоят ҳамоише ба муносибати қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барпо гардид.

Қабл аз ифтитоҳи расмии ин маросим садҳо нафар ҷавонони ширкатдори ҳамоиш аз чаҳор самти шаҳр ба самти майдони теппаи Қӯрғон роҳпаймоӣ карданд. Ҷавонон бо шиору овезаҳо ба мазмуни «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Ҷавонони Хатлон аз эълон гаштани соли 2017 – Соли ҷавонон ифтихор доранд», «Ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанамон имрӯз ба модар-ватан содиқона хизмат мекунанд», «Қабули чорумин пешниҳоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боиси ифтихор аст», «Об сарчашмаи ҳаёт», «Ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст» ва мисли ин ба ҳамоиш ҳозир шуда буданд.

Ҳамоиши мазкур бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилоят, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят ва масъулони ташкилоту муассисаҳои дигари вилоятию шаҳрӣ доир шуд. Ҳамоиши дастгирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» бо суханронии муовини якуми раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оғоз гардид.

- Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, бахусус ҷавонон, ташаббуси нави Президенти мо, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро якдилона дастгирӣ намуда, бо баргузории чунин ҳамоишҳо, шинонидани дарахт ва гулу гулбуттаҳо, тоза нигоҳ доштани табиати зебои Ватан ва дигар корҳое, ки дар ин самт пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардонад, - зикр кард Қ. Ҳакимзода. –Роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст». Бинобар ин, моро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода намуда, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обро, ки то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, дастгирӣ ва барои тақвият бахшидан ба ин раванд, нигоҳ доштани сатҳу эътибори кишвар бо ҳисси ифтихор ва масъулият саъю талош варзем.

Ҷиҳати ҷалби бештар ва фарогирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати татбиқи ибтикороти глобалии Тоҷикистон чораҳо андешем.

Инчунин, дар ҳамоиши мазкур Ш. Раҳимов, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Ф. Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, оид ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 суханронӣ намуданд.
Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» дар Қӯрғонтеппа

Пас аз ин маросим маъракаи ниҳолшинонӣ ва гузаронидани шанбегӣ бо иштироки ҷавонони шаҳр дар майдонҳои «Аскари номаълум» ва «Оташи абадӣ» сурат гирифт. Дар ин маърака бо иштироки муовинони раиси вилоят садҳо бех ниҳоли сӯзанбарг ва ороишӣ шинонида шуд.

М. НОСИРҶОН,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Бе об ҳаёт нест

Бе об ҳаёт нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Конфронси илмӣ дар ДДД

Конфронси илмӣ дар ДДД

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш