ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РОҲ БА СӮИ ФИНАЛ: «МДММВФ1 КӮЛОБ» БА ДАВРИ ҲАЛКУНАНДА БАРОМАД


РОҲ БА СӮИ ФИНАЛ: «МДММВФ1 КӮЛОБ» БА ДАВРИ ҲАЛКУНАНДА БАРОМАД




Имрӯз, 25 марти соли 2026, дар минтақаи Кӯлоб даври нимниҳоии мусобиқаи футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» ба анҷом расид.

Дар ин марҳила дастаҳои «МДММВФ 1»- Кӯлоб ва «МДМВ 4»-и Кӯлоб ба ҳам рақобат карданд. Вохӯрӣ  пуршиддат баргузор гардида, ҳарду даста маҳорати баланд ва омодагии ҷиддии худро нишон доданд.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт ва ғолиб дар силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян гардид. Дар ин марҳила футболбозони «МДММВФ 1» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, роҳхати финалро ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, дастаи «МДММВФ 1» ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, барои дарёфти Ҷоми «Хатлон» муборизаро идома медиҳад. Бозии финалӣ рӯзи 26 марти соли 2026 дар шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки финали мусобиқа дар сатҳи баланд доир гардида, беҳтарин дастаҳо барои унвони қаҳрамонӣ муборизаи ҷиддӣ анҷом диҳанд.

Алишери Абдулмаҷид, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода