МДММВФ №1 (КӮЛОБ) ВА МДММВФ (БОХТАР) БАРОИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" ТАЛОШ МЕКУНАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 81
![]()
Дар даври нимниҳоии Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» дар минтақаи Бохтар ғолиби гурӯҳи "А" - дастаи МДМВ (Қубодиён) ва ғолиби гурӯҳи "Б" - дастаи МДММВФ (Бохтар) байни ҳам рақобат намуданд.Кӯдакони дастаи МДММВФ (Бохтар) бо бартарии комили 14-0 ғолиб омада, ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Дар финали мусобиқа дастаи МДММВФ (Бохтар) бо дастаи ғолиби минтақаи Кӯлоб - МДММВФ №1 (Кӯлоб) барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» талош хоҳад кард. Бозии финалӣ 26 марти соли 2026 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар баргузор мегардад.
Ҳамзамон, дастаҳои МДМВ (Қубодиён) ва МДМВ №4 (Кӯлоб) барои соҳиб шудани медалҳои биринҷии мусобиқа талош меварзанд.Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи анъанавии Ҷоми рӯзномаи "Хатлон" соли 5-ум аст, ки баргузор мегардад. Бозии финалии имсола нишон медиҳад, ки мактаби махсуси футболи Бохтар қавитар аст ё аз Кӯлоб.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00