ТАҶЛИЛИЛИ БОШУКУҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛМК
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 48
![]()
Имрӯз дар ноҳияи Темурмалик ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ин иди бостонӣ, ки рамзи эҳёшавии табиат, покиву навсозӣ ва ҳамбастагии мардум мебошад, сокинону меҳмонони ноҳияро ба ҳам овард.
Чорабинӣ бо роҳпаймоии идона оғоз ёфт. Дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон, хонандагон ва сокинони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда, бо либосҳои миллӣ, шиору парчамҳо ва суруду рақсу таронаҳо фазои идонаро боз ҳам рангин гардониданд. Роҳпаймоӣ аз кӯчаҳои марказии ноҳия гузашта, ба майдони асосии ҷашнгоҳ анҷомид.
Пас аз анҷоми роҳпаймоӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед ва раиси ноҳияи Темурмалик, Ҳасанзода Шералӣ, суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуд. Таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодӣ ва мероси гаронбаҳои миллӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстиву ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ба шумор меравад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Наврӯз ба марҳалаи нави таърихии худ ворид гашт, шукӯҳу шаҳомати тоза дарёфт ва чун як рукни муҳимми давлату миллат шинохтаю эътироф шуд. Гузашта аз ин, Наврӯзи тоҷикон бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуду мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.
Барои чунин мақому мартабаи баланду бесобиқа дарёфтани Наврӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари меҳру муҳаббати бепоён ба арзишҳои маънавии халқи азизи худ ҷидду ҷаҳд ва талошҳои зиёд ба харҷ доданд.
Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони кишвар оғоз гардида, бо сурудҳои дилнишин, рақсу таронаҳои миллӣ ва саҳнаҳои театрикунонидашуда идома ёфт. Барномаи фарҳангӣ фазои ҷашнро боз ҳам гарму самимӣ гардонида, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Ҳамзамон, саҳнаҳои ҷолиби расму ойинҳои миллӣ, аз қабили суманакпазӣ, бозиҳои суннатӣ ва дигар анъанаҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд. Иштироки фаъоли ҷавонону наврасон гувоҳи он буд, ки арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ниёгон миёни насли нав идома меёбад.
Алишери Абдулмаҷид “Хатлон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...