Рӯзномаи Хатлон » Ҳунарҳои мардумӣ » Ғолибони “Ҳунарманди сол-2022” муайян гардиданд


Ғолибони “Ҳунарманди сол-2022” муайян гардиданд



Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол-2022” аз рӯйи 6 номинатсия эълон гардид. 


 Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол-2022” дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи 6 номинатсия - кандакорӣ, дуредгарӣ бо чӯб (гаҳворатарошӣ, қошуқтарошӣ, табақтарошӣ, армуғонсозӣ, шонасозӣ ва сангтарошӣ), дӯзандагӣ (ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ ва куртадӯзӣ), наққошӣ, рассомӣ, кулолгарӣ, аҷубасозӣ ва гаҷгорӣ, чармгарӣ (пойафзолдӯзӣ, мӯзадӯзӣ), бофандагӣ (атласбофӣ, адрасбофӣ, читгарӣ), коркарди метал (заргарӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ) бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода гузаронида шуд.

 

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотиву таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон озмуни мазкур дар асоси “Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба роҳ монда шудааст. Мақсад аз баргузории он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик унвон мешавад.

 

Сараввал, меҳмонону иштирокчиёни озмун аз номоиши ҳунари ҳунармандони соҳибзавқу ботаҷрибаи ғолибони даври аввали озмун, ки дар дар майдони Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба ҳунари воло ва дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.

 

 Дар ҳамин давраи соли 2022 дар ҳудуди вилоят аз рӯи 14 намуди ихтисосҳои ҳунармандӣ 2786 нафар ба касбомӯзӣ тавассути барнома ҷалб гардиданд, - зикр дошт  Акрам Сулаймонзода зимни ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол-2022”.  - Дар идома гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти дастӣ ва армуғонҳои ҳунармандон 175 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.

 

Дар фарҷом, ҳунармандони шаҳри Кӯлоб аз рӯи номинатсияи чакандӯзӣ ба гирифтани ҷойи аввал, ҳунармандони ноҳияҳои Ёвону Восеъ аз рӯи номинатсияи кандакорӣ соҳиби ҷойи дуюм ва ҳунармандони ноҳияҳои Темурмалику Вахш аз рӯи номинатсияи адрасбофӣ сазовори ҷойи сеюм сазовор дониста шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. 

 

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода