Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » БЕМОРИИ СУРХЧА


БЕМОРИИ СУРХЧА




Сурхча-як навъ бемории шадиди сироятӣ мебошад. Ба сурхча  баланд  шудани  ҳарорати  баланд,  назлаи  роҳҳои болои  нафас  (сулфа,  гирифтани  овоз),  илтиҳоби  луобпардаи чашму даҳон ва дамидани доначаҳои калони сурх хос мебошад. Дар замони ҳозира оқибатҳои фавтовари сурхча  хеле  кам  шудааст.  Дар  гузашта  80-90%-и  ҳамаи оқибатҳои фавтоварии сурхча натиҷаи оризаҳои илтиҳоби шуш буд. Дар ин бора мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи шаҳри Бохтар Собирова Мавлуда маълумоти бештар медиҳад.

Барангезандаи  сурхча-вирус аз  оилаи   Paramixoviridae  авлоди Morbilli  viridae  буда,  манбаи  асосии сироят  шахси  бемор  ҳисобида  мешавад.  Сироятнокӣ  бештар  дар  давраи шамолхӯрӣ  (дар  саршавии  беморӣ) ва  рӯзҳои  аввали  пайдоиши  бусурот (доначаҳо) дида мешавад. Аз рӯзи сеюми дамидаи бусурот сироятнокӣ хеле паст шуда, рӯзи 4-ум аз байн меравад. 

Вируси  сурхча  аз  луоби  бинӣ,  ҳалқ  ва хуни  бемор  ҷудо  мешавад.  Бемороне, ки оризоти сироятро доранд, дар давоми 10 рӯз чун манбаи сироят боқӣ мемонанд.

Сироят  бо  роҳи  ҳавоӣ-қатрагӣ интиқол  ёфта,   ба  воситаи   таровиши луобпардаи  бинӣ,  бинию  ҳалқ,  роҳҳои болоии  нафас  ба  атроф  паҳн  мешаванд.  Ба  сурхча  бештар  кӯдакони  то 5-сола гирифтор мешаванд. Кӯдакони то  3-моҳа  одатан  ба  ин  беморӣ  дучор намешаванд, чунки ноҳассосии модар, ки дар давраи кӯдакӣ сурхча шудааст, мегузарад. Кӯдаконе, ки модарони онҳо сурхакон нашудаанд, мумкин аст, ҳатто дар моҳҳои аввали ҳаёт бемор гарданд. 

Рӯзҳои 3-4-ум ноаён вирус ба хун ворид мегардад.  Рӯзҳои  5-6-ум  дар  дохили хун  дида  намешаванд  ва  боз  рӯзҳои 7-8-ум ба ворид шудан сар мекунанд.

АЛОМАТҲОИ ВИРУСИ СУРХЧА

Дар  беморон  тағйир  ёфтани таб,  бетоқатӣ,  гирёнчакӣ,  вайроншавии  хоб  дида  мешавад.  Системаи  асаби  парасимпатикӣ,  зуҳуроти ваготония  (арақкунии  зиёд,  ихроҷи оби  даҳон,  оби  бинӣ,  зӯр  шудани ҳаракати мавҷмонанди рӯда, қайкунӣ, дарунравӣ,  бусуроти  серлакка  ё  холдор)  пайдо  мекунанд.  Вирус  барои бактерияҳо  заминаи  мусоид  тайёр мекунад,  ки  дар  зери  таъсири  онҳо тағйироти  чуқуртар  ба  амал  меояд  ва ҷараёни  бемориро  вазнин  менамояд, яъне оризот ба вуҷуд меояд. Ҳангоми бемории  сурхча  масунияти  ҷисм  хеле суст ё ба тамом нест мешавад. Давраи ниҳонии  сурхча  ба  ҳисоби  миёна  9-10 рӯз давом мекунад. 

Дар  ин  давра  ҳарорат  то  38-39С дараҷа  расида,  дарди  сар,  зуком  ва сулфа  пайдо  мешаванд.  Нороҳатии умумӣ,  сустӣ,  бемадорӣ,  гиря,  баста шудани иштиҳо, бехобӣ ба назар мерасанд.

ОРИЗАҲО

Оризаҳое,  ки  аксар  аз  тарафи узвҳои  нафаскашӣ  дида  мешаванд, инҳоянд:  илтиҳоби  ҳалқ  (ларингитҳо), бронхитҳо ва илтиҳоби шуш.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода