«Сайри гули лола» - зебоӣ ва эҳёи анъанаҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 апрел, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 164
Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрели соли 2025, дар саросари Тоҷикистон Фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” доир мегардад. Ин ҷашни зебоӣ ва ободӣ тибқи ҷадвали чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, амалӣ мешавад.
Баргузории фестивал ба зиммаи як қатор вазорату кумитаҳо ва мақомоти маҳаллӣ вогузор шудааст. Аз ҷумла, Кумитаи рушди маҳал, Вазорати фарҳанг, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои манзилию коммуналӣ, телевизион ва радио, сохторҳои рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва ҷавонон, инчунин иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон дар раванди омодагӣ ва иҷрои он саҳмгузор хоҳанд буд.
Мақсад аз роҳандозии “Сайри гули лола” эҳёи суннатҳои деринаи мардуми тоҷик дар самти зебоиофарӣ, тарғиби муҳаббат ба гулпарварӣ ва табиат, ташвиқи тозаю озода нигоҳ доштани муҳит ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар арзёбӣ мегардад.
Фестивал, ки аз соли 2019 бо дастури Президенти мамлакат ҳар сол баргузор мешавад, дар тақвияти ҳунару завқи мардум барои ороиши муҳити зист нақши муҳиме мебозад. Ҳамзамон, ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии он бо тӯҳфаҳои Кумитаи рушди маҳал қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Таърихшиносон бар онанд, ки гули лола дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосе дошта, дар муҳрҳои қадимӣ ва зарфҳои нуқрагин аз асрҳои 3 то 5 мелодӣ нақши онро метавон дид. Дар адабиёти классикӣ низ лола бо ташбеҳҳои пурмаъно ба кор рафта, аз муҳаббату зебоӣ дарак медиҳад: “лоларух”, “лолазор”, “лоласон” ва “лолагун” намунаҳои равшани онҳоянд.
Дар вилояти Хатлон ҳам то имрӯз садҳо намуд гулҳои зебо, аз ҷумла гули лола шинонида шудааст, ки ҳусни шаҳру ноҳияҳоро дигар кардааст. Маврид ба зикр аст, ки дар асоси Амри Президенти мамлакат қарори раиси вилояти Хатлон ҳам ба тавсиб расидааст, тибқи он дар вилояти Хатлон Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ташкилу баргузор мегардад.
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
-
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд