Оё такроран ба covid-19 гирифтор мешавем?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июл, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология, Боздид 1 484
Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронӣ ва таҳлукаи мардуми сайёра гардидааст, пайдоиш ва паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19 мебошад. Оид ба паҳншавии вируси нави COVID-19 бо директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков суҳбате доштем. Дар ин мусоҳиба Н. Бояков ба суолҳое посух дод, ки миёни аҳолӣ сару садоҳои зиёду беасос пайдо намуда, боиси шубҳа ва ҳарос пайдо намудани онҳо гардидааст. - Гирифторшавии чӣ гуна шахсон ба ин беморӣ эҳтимоли бештар дорад?
- Ин беморӣ хусусиятҳои худро дорад. Аз гирифторшавӣ ба вируси нав ягон нафар эмин буда наметавонад. Таҷриба нишон дод, ки 70 фоизи нафароне, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, дар ҳолати сабук ва беаломат онро мегузаронанд. Гирифторшавӣ ва мушкилтар гузаронидани беморӣ дар нафарони дар организмашон диабети қанд, бемории дилу рагҳои хунгузар, ишемияи дил, системаи қалб ва фарбеҳидошта бештар мушоҳида мегардад.
- Шахсе, ки як маротиба ба ин беморӣ гирифтор шудааст, такроран гирифтор шуданаш эҳтимол дорад?
- Албатта, таҷриба нишон дод, ки нафарони як маротиба каронавирусро аз сар гузаронида, эҳтимол дорад, такроран ба он гирифтор шаванд, аммо онро сабуктар мегузаронанд. Ҳоло ба лахташавии хун ва зиёд будани қанд дар организми инсон диққати бештар дода мешавад. Агар чунин ҳолат бошад, гирифторшавӣ ва вазнин гузаронидани ин беморӣ эҳтимоли бештар дорад.
- Эмгузаронӣ дар самти пешгирии беморӣ то кадом андоза мусоидат карда метавонад?
- Ваксинаҳо хело зиёд мебошанд. Дар мо ваксинаҳое истифода мешавад, ки истеҳсоли Ҳиндустон ва Хитой мебошанд. Оризаҳояшон кам аст ва сифати хубтар доранд. Аслан ягон ваксина беориза нест. Аммо ин ниҳоят фоизи паст аст. Ваксинаҳое, ки дар мо имрӯз истифода мешаванд, санҷиши ҷиддиро гузаштаанд ва иҷозатномаи махсуси ҷаҳониро доранд. Ягона роҳе, ки одамон аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин мемонанд, ин эмгузаронӣ мебошад. Ба ҳолати имрӯз дар ҷумҳурӣ, аллакай, ба зиёда аз 20 ҳазор корманди соҳаи тандурустӣ эмгузаронӣ кардаанд.
- Баъзеҳо бар он назаранд, ки таъсири эмгузаронӣ муҳлати муайяни 6-моҳа ё яксола дорад. Оё ин ягон асос дорад?
- Мо имрӯз таҳлил карда истодаем, ки ваксинатсия дар организми инсон чӣ қадар масунияти баландро нигоҳ дошта метавонад. Ҳоло дар ин бора дақиқан чизе гуфта наметавонем. Инро дар оянда таҷриба нишон медиҳад.
- Оё барои эмгузаронӣ бар зидди ин беморӣ ягон намуд ташхис кардан зарурат дорад?
- Ҳар як ваксина ба худаш дастурамал дорад. Дар ин асос кормандони соҳаи тиб пеш аз эмгузаронӣ пурсиш мегузаронанд ва ба ин восита мумкин будан ё набудани эмгузарониро муайян мекунанд. Нафароне, ки ҳомиладоранд ё кӯдакони синамак доранд, онҳое, ки дар организмашон ягон намуд алергия ҳаст ва нафароне, ки дар ҳамин шабу рӯз бемориҳои шадид доранд, эмгузарониашон манъ мебошад. Дар бораи алергия гуфтанӣ ҳастем, ки дақиқан бояд муайян кард, ки аз чӣ алергия доранд ва дастурамал дар ин бора чӣ гуфтааст, сипас эм гузаронидан лозим аст.
- Барои гирифтор нашудан ба ин беморӣ таҷрибаву муборизаи зиёда аз якунимсола чӣ чизи навро рӯи кор овард?
- Қоидаи бехатарӣ аз ин бемориро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баровардааст ва онро агар пурра риоя кунем, албатта эмин монда метавонем. Дар асоси омӯзиш ва таҷрибаҳои пайдарпайи олимони соҳаи тандурустӣ ҳамин қоидаҳо зина ба зина такмил ёфтаанд. Ниқоб пӯшидан, масофаи иҷтимоиро риоя кардан, дастҳоро шустан, ҳолати гигиениро пурра риоя намудан ва амсоли ин қоидаҳо ҳастанд, ки дар пешгирӣ мусоидат карда метавонад. Баъзеҳо қисман қоидаҳоро риоя карда, ба беморӣ гирифтор мешаванд. Ин ҳолатро дида, дигарон хулосабарорӣ мекунанд, ки агар қоидаҳоро риоя ҳам намоӣ, ба COVID-19 гирифтор мешавӣ. Аммо ин андеша нодуруст аст. Бояд қоидаҳои мазкур пурра риоя карда шаванд. Давлати Хитойро мисол оварда метавонем, ки имрӯз бо роҳи риояи қатъии тавсияҳо гирифторшавӣ ба ин бемориро пешгирӣ карданд.
- Ташаккур барои суҳбат.
Суҳбаторо С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
12-05-2021, 17:57