Роҳи осон ва самараноки омӯхтани забон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 март, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 19
![]()
Дар ҷаҳони муосир, ки технология ва иттилоот бо суръати баланд рушд мекунанд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз унсурҳои муҳимми рушди шахсӣ ва касбӣ ба ҳисоб меравад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки пули робита байни халқҳо ва фарҳангҳо низ мебошад.
Нақши забономӯзӣ дар ҷомеаи имрӯза
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид намуда, онро барои мутахассисони ҷавон ва кормандони соҳаҳои гуногун ҳатмӣ мешуморанд. Омӯзиши забонҳо дарҳои нави имкониятро боз мекунад, аз ҷумла таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, иштироки фаъол дар таҳқиқотҳои байналмилалӣ ва рушди касбӣ.
Манфиати омӯзиши забонҳои хориҷӣ
Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дони-стани як ё якчанд забони хориҷӣ хотира ва малакаи зеҳнии инсонро тақвият мебахшад. Оли-мон бар онанд, ки шахсони забондон қобилияти беҳтари ҳалли мушкилотро доранд ва зудтар дар ҷомеа мутобиқ мешаванд. Ҳамзамон, донистани забонҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки кишвар ва миллати худро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Таҷрибаи шахсӣ дар забономӯзӣ
Ҳангоми омӯзиши забон истифодаи платформаҳои муосири онлайнӣ метавонад, раванди омӯзишро осон ва самарабахш гардонад. Масалан, ман бо тавсияи устодам Нуриддин Асоев ба платформаи Free4talk пайваст шудам. Ин сомона ба забономӯзон имкон медиҳад, ки мустақиман бо мардумони гуногунзабон муошират кунанд ва дониши худро такмил диҳанд.
Дар аввал муошират бо забони англисӣ душвор буд. Ман дар гуфтугӯҳо фаъолона иштирок карда наметавонистам, аммо бо сабру таҳаммул ҳар сухани шунидаамро навишта, маънояшро мефаҳмидам ва тадриҷан малакаи гуфтугӯии худро такмил додам. Ҳамсуҳбатони ман аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин, Ӯзбекистон, Ветнам, ИМА ва Бангладеш буданд. Онҳо дар бораи таърихи Тоҷикистон саволҳо медоданд ва ман бо ифтихор дар бораи Ватани маҳбубам маълумот медодам.
яке аз ҳамсуҳбатони ман Сенг Динҳ, аз Ветнам, ки забони англисиро хуб медонист, таҷрибаи омӯзиши забони худро ба ман нақл кард. Вай гуфт, ки дар муддати шаш моҳ тавассути Free4talk забонро мустақилона омӯхтааст. Аз рӯйи таҷрибаи ӯ ва таҷрибаи шахсии худ, равшан аст, ки барои аз бар кардани забон машқ ва истодагарӣ муҳим аст.
Омӯзиши забон роҳи бевоситаи такмили шахсият ва касбият мебошад. Барои забономӯзӣ набояд танҳо ба китобҳои дарсӣ ё курсҳои омӯзишӣ маҳдуд шуд, балки истифодаи василаҳои муосири технологӣ, амсоли платформаҳои онлайнӣ, низ муҳим аст. Ҷавонони тоҷик бояд сиёсати Пешвои миллатро пайравӣ намуда, забонҳои хориҷиро омӯзанд, то дар оянда дар арсаи байналмилалӣ кишвари худро муаррифӣ кунанд. Бо иродаи қавӣ ва кӯшиши пайваста, ҳар як фард метавонад, забони хориҷиро аз бар намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор пайдо кунад.
Мунавваршои Зафар,
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...