ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Обакон дар ҳолати беморӣ ба табибон муроҷиат кунед


Обакон дар ҳолати беморӣ ба табибон муроҷиат кунед



Бо пайдо шудани бемории обакон дар бадан одамон надониста аз ҳар гуна маҳлулҳо истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки ин беморӣ мавсимӣ мебошад. Мутахассиси бемориҳои сироятии кӯдакона Майсара Баротова оид ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории мазкур ба хонандаи мо маълумот медиҳад.

Шакли паҳншавии бемории «Обакон»


Обакон бемории сироятии антропонозии пӯст мебошад. Бемории мазкур характери эндеметикӣ ва  эпидеметикӣ   дорад.  Он  бештар   дар  шаҳру ноҳияҳо паҳн мешавад. Махсусан дар он ҷойҳое , ки кӯдакон зиёданд, яъне дар боғчаю мактабҳо тезтар паҳн мешавад. Шахси бемор дар давраи ду рӯзи охир ва панҷ рӯзи давраи бусурот, яъне хушк шудани элементҳои обчадор, хавфнок мебошад. Роҳи  гузариши  ин  беморӣ  ҳавогӣ,  қатрагӣ аст.  Бевосита  дар  вақти  алоқаи  зич  доштан, бемор  метавонад  дигаронро  сироят  кунад. Ба  ин  беморӣ  кӯдакони  ширхора,  синну  соли томактабӣ, мактабӣ ва ҳатто калонсолон ҳам метавонанд гирифтор шаванд.

Реинфексия-яъне такроран сироят шудан ба ин беморӣ кам мушоҳида мешавад. Одатан вирус тез дар ҳаво мемирад. Давраи ниҳоӣ аз 11 то 21 рӯз (14-17 рӯз)-ро дар бар мегирад.

Ҳолатҳои бемории Обакон


Тавре  қайд  кардем,  беморӣ  мавсимӣ  мебо-шад. Аз моҳи ноябр то июн бештар хуруҷ меку-над. Беморӣ дар ҳолати сабук, миёна ва вазнин мегузарад. Намуди сабук-ҳарорати бадан баланд мешавад.  Дар  ҳолати  вазнини  миёна-ҳарорати бадан то 38,5-39 С0
мешавад. 

Аломатҳои бемории «Обакон»


Ҳолати умумии муқаррарии бемор халалдор шуда, дарди сар, ҳассосияти баланд дида мешавад. Баъд аз баланд шудани ҳарорати бадан, пас аз 1-2 рӯз дар бадан бусурот мебарояд. Бусурот, яъне-элементҳои макулопапулёзӣ дар муддати 2-3 соат ба везикулаҳои обдор мубаддал мешаванд. Баъд аз 1-2-3 рӯз везикулаҳо кафида, дар пӯст хушкӣ пайдо мегардад. Минбаъд он оҳиста-оҳиста хушк шуда, баъд аз 2-3 ҳафта меафтад ва гоҳо дар ҷойи он доғҳои кӯтоҳмуддат ба вуҷуд меоянд.

Бусурат  одатан  дар  рӯй,  сар,  гардан,  тахта-пушт, дасту пойҳо мебарояд. Везикулаҳо дар пардаи луоби даҳон, ҳалқ ва садопардаҳо дида мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳои вазнин везикулаҳои фасоднок, ки оризаи вазнин доранд, тӯли 4 ҳафта давом мекунанд, ки аз онҳо изҳо боқӣ мемонад. 

Намуди геморагии бемории мазкур дар кӯдакони бемадор ё камқувват бештар дида мешавад. Дар везикулаҳо ҷамъшавии хун дар пӯст ва пардаи луобӣ дида мешавад. Дар умум бемории обакон аз 10-14 рӯз давом мекунад. 

Оризаҳо:илтиҳоби шушҳо, дамкӯтоҳӣ, отитҳои фасоднок, стоматит, фарингит, канъюктивит, орхит, менингит, энсефалит.

Пешгирӣ 

Вогирӣ дар марказҳои саломатӣ муҳимтарин роҳи пешгирии бемории мазкур мебошад. Табибон бояд дар маркази саломатӣ ва агар бемор омада  натавонад,   дар  хона  ӯро  таҳти  назорат гирифта, табобат намоянд. Давоми 7-10 рӯз ба бусурот ҷиддӣ бояд аҳамият дода, гигиенаи шахсии  бемор  ва  атрофиён  хуб  риоя  карда  шавад. 

Ҳангоми  мушоҳидаи  беморӣ  бо  чунин  оризаҳо волидайни  кӯдакон  бояд  сари  вақт  ба  табибон муроҷиат намоянд. 

Масъули гӯша Рамазони Мирзомиддин, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода